ШӮРОИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН

     Санаи 6 июли соли 2024, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, тибқи нақшаи кории Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон таҳти Раёсати роҳбарияти ноҳия аъзоёни Шӯро, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони Комиссариати ҳарбӣ ва фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷаласаи навбатии Шӯро баргузор гардид.  Дар кори Шӯро рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 7 июни соли 2024, таҳти 123 қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 13 июни соли 2024, таҳти рақами 353 "Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2024 ва қарори раиси вилояти Хатлон аз 7 июни соли 2024, таҳти рақами 124, қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 13 июни соли 2024, таҳти рақами 354 "Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъвати ва омода намудани шаҳрвандони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ" мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Вобаста ба масъалаҳои баррасӣ гардида, ҳисоботи муффасали Комиссари ҳарбии ноҳия шунида шуд.Ҳамзамон, оид ба гузаронидани чорабиниҳо дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи, пешигирии қонунвайронкуниҳо аз қабили чорабиниҳои варзишиву фарҳанги дар маҳаллу кӯчаҳо ва ҷалби ҷавонон ба чорабиниҳои ободониву созандагӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд. Пас аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи кори Шӯро, ва дигар масъалаҳои корӣ пурсиши як қатор роҳбарони ташкилоту идораҳо ба миён омада, аз тарафи раиси Шӯро баҳри бартараф намудани камбудиву норасиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

2_125.jpg 3_133.jpg 4._2.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.