КӮШОНИЁН: БАРГУЗОРИИ ШӮРОИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН

    Имрӯз 12 августи соли 2024, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, тибқи нақшаи кории Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон таҳти Раёсати роҳбарияти ноҳия аъзоёни Шӯро, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ва фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷаласаи навбатии Шӯро баргузор гардид.  

        Дар кори Шӯро рафти 8 масъала аз ҷумла:

      1.Рафти таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, таҳти рақами 668 дар бораи эълон намудани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқи”, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2023 омадааст, дар ин самт ташкил ва инъикос намудани корҳои тарғиботию-ташвиқоти, вохури дар байни колективҳои меҳнати ва инъикоси корҳо дар рӯзномаи ноҳиявии Кӯшониён.

      2.Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохурию мулоқот бо аҳли ҷамоатчиги  дар кучаю маҳаллаҳо, дар колективҳои меҳнатии ташкилоту идораҳо, баромад таввасути воситаҳои ахбори омма, дар бораи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва омода намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон.

      3. Паҳн намудан ва фаҳмондадиҳии мазмуну муҳтавои матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 оид ба самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024.

     4. Рафти иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 июли соли 2020 №431 “Дар бораи барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024” (ҳисоботи мудири шуъбаи рушди иҷтимолӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Шарипова Шарифамоҳ).

          5.Иҷрои саривақтии банди 3-и супориши протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2024, №2-таъмини сифатнок ва пурраи нақша қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2024, кам кардани бақияпулиҳои андоз ва дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ.

              6. Иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №266 “Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва таъмини нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ ҳамзамон раванди иҷрои саривақтии банди 15-и супориши Протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2024, №2 саривақт ба анҷом расонидани дурнамои кишти баҳорӣ, иҷрои кишти ҳамаи зироатҳо хусусан кишти такрорӣ ва гирифтани 3-4 ҳосил аз заминҳои корами обӣ ва иҷрои уҳдадориҳо дар соли 2024 ва иҷрои Амри раиси вилояти Хатлон аз 26 июни соли 2024 №15 “Дар бораи омодаги ба ҷамъоварии пахта ва коркард, нигоҳдори ва содироти нахи пахта дар соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон”.

        7.Рафти иҷрои супориши Протоколии маҷлиси назоратии назди раиси вилояти Хатлон аз 22 июли соли 2024-таъмиру барқарор кардани иншоотҳои солҳои тӯлонӣ бекорхобида ва валангори ҳамшафати роҳҳои байналмилалӣ. “нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории-НФС, марказҳои савдо ва дигар амволҳои хусуси”, инчунин дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.            

      Вобаста ба масъалаҳои баррасӣ гардида, маърӯзаҳои ҳисоботии муфассали раиси суди ноҳия Аламшозода Фирдавс, Комиссари ҳарбии ноҳия Куганзода Ҳаким, муовини раиси ноҳия Ҳакимзода Миҷгона ва мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия Шарипова Шарифмо шунида шуданд.

         Ҳамзамон, оид ба гузаронидани чорабиниҳо дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи, пешигирии қонунвайронкуниҳо аз тарафи наврасону ҷавонон,  баргузории бештари чорабиниҳои варзишиву фарҳанги дар маҳаллу кӯчаҳо ва ҷалби ҷавонон ба чорабиниҳои ободониву созандагӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд. Пас аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи кори Шӯро, ва дигар масъалаҳои корӣ пурсиши як қатор роҳбарони ташкилоту идораҳо ба миён омада, аз тарафи раиси Шӯро баҳри бартараф намудани камбудиву норасиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

1_32.jpg 2_126.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.