КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲӢ ЯРМАРКА - НАМОИШИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ ВА ЛАВОЗИМОТИ МАКТАБӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ

      Санаи 15 августи соли 2024, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар Кохи фарҳанги тобистонаи маркази ноҳия шаҳраки И.Сомонӣ, ярмарка-намоиши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти мактабӣ бо иштироки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия,корхонаҳои дӯзандагии ҳудуди ноҳия, соҳибкорони инфиродӣ ва падару модарон баргузор гардид.

        Дар миқёси ҳудуди ноҳия корхонаҳои дӯзандагӣ баҳри пурра таъмин намудани хонандагон бо либоси мактабӣ фаъолият намуда истодаанд ва имконияти истеҳсоли либоси маткабӣ дар корхонаҳо то соли хониши нав ба таври комил ба роҳ монда шудааст ва дар назар аст, ки хонандагон пурра бо сару либоси мактабӣ таъмин мегарданд. Дӯхти либоси мактабӣ аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагӣ дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсияӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, роҳандозӣ карда мешавад. Дар ярмарка-намоиш либосҳои мактабӣ, ки дастранҷи меҳнати коргоҳи дӯзандагии ҶДММ “ГЕСӮ ”, ва соҳибкори инфиродӣ Самадова Тозагул ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шудаанд. Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ярмаркаҳои мазкур дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот то оғози соли нави хониш гузаронида мешаванд.

455262102_1033324534836491_8479949619178351340_n.jpg 455262102_1033324534836491_8479949619178351340_n_0.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.