ТЕРРОРИЗМ- АМАЛИ НОМАТЛУБ ДАР ҶОМЕА

      Терроризм яке аз равияҳои тундгарои ҷомеа буда, имрӯзҳо ба ҷомеа таъсири хеле манфии худро расонида истодааст. Терроризм асосан ба мақсади ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери динию экстримистӣ доштаи худ бештар усулҳои навтарини шустани майнаро бо истифода аз технологияҳои сиёсӣ рўйи даст гирифтааст. Ҷавонони гумроҳ бо ваъдаҳои дурӯғи хоҷагони террорист бовар намудаву фирефта шуда, аксаран ба доми он меафтанд. Аз ин рӯ хуб мешуд, ки ҷавонон ба ваъдаҳои бардурӯғи ифротгароён, ки дар хориҷи кишвар истода, бо ҳар баҳона онҳоро фиреб доданианд, набояд фирефта шаванд, зеро онҳо зиндагии осудаву бароҳати худро халалдор менамоянд ва он вақт пушаймонӣ суде надорад.

Аксари онҳо бо супориши хоҷагони худ амал мекунанд ва аз болои бадбахтиҳои овардаашон ба сари ҷавонони гумроҳе, ки онҳоро ба доми худ афтондаанд, яъне ба ҳизбу ҳаракатҳои харакатери динӣ - экстремистӣ шомил намудаашон маблағҳои ҳангуфтеро ба даст меоранд. Худ қазоват намоед, ки маблағ ба кисаи онҳо меравад, аммо бадбахтиву сарсонӣ ва ғарибиву ҷиноят ба сари ҷавонони гумроҳ меафтад. Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ оид ба хатар будани экстремизм ва терроризми динӣ изҳори нагаронӣ намуда буданд, ҷавонон набояд ба ҳаракатҳои экстремистию террористӣ шомил шаванд.

       Чунончи, Сарвари давлат дар Паёми худ дар ин бора чунин ибрози андеша намуданд: “Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.

Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 - ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва ҳамеша ҳушёру зирак бошанд. Тавре ман борҳо таъкид карда будам, фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор рафта, аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд. Бо мақсади идомаи корҳо дар ин самт, Прокуратураи генералӣ вазифадор карда мешавад, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 - 2025» - ро ба Ҳукумат таҳия ва баррасиву пешниҳод намояд.

Борҳо эълон гардидааст, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, ки бар ҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шарики табии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад. Ҷавонон бояд, аз гуфтаҳои Сарвари сиёсии кишвар барои худ хулосаҳои ҷиддӣ бароварда дар самти мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм дар сафи пеш бошанд, чунки оромиву осудагии кишвар аз ин вобастагӣ дорад.

 

Каримов Ширинбек,

раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.