«Арзиши Истиқлолияту озодии Ватан бо ягон ченак арзёбӣ карда намешавад. Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таърихи тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад».
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Шоистаи зикр аст, ки имрӯзҳо пиру барнои кишвари азизу маҳбубамон Рӯзи Истиқлолияти давлатиро бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз барқароршавии адолати таърихӣ бо як ҷаҳон ифтихору саодат бо руҳияи баланди идона истиқбол мегиранд.
Имрӯз ҳар як фарди ҷомеаи имруза дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин, азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, рамзи сарбаландиву осоиштагӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёт мебошад.
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки сивусесол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.
Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.
Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хизмат кардааст.
Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд. Гузашта аз ин, истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳон таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва замонати ҳастии воқеӣ ва бошарофати миллат аст.
Ба хотири дарки арзиши таърихӣ ва дарёфти роҳҳои таҳкими он мо паҳлуҳои гуногуни ин неъмати азизи худододро гаштаву баргашта мавриди арзёбӣ қарор медиҳем. Зеро истиқлолияти Тоҷикистон на фақат дар асри охир, балки дар садсолаҳои дарози сарнавишти куҳан ва такдири иҷтимоии халқамон пирӯзии бузург маҳсуб меёбад. Таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки озодӣ ва истиқлол ба осонӣ ба даст намеояд. Мо миллатҳо ва халқҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи на он қадар дур барои дастёбӣ ба истиқлолият даҳсолаҳо пайкор намудаанд ва дар ин роҳ ҳазорон фарзандони огоҳ ва азизи худро аз даст додаанд.
Ғояҳои ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтироми анъанаву суннатҳои фарҳанги миллӣ ҳама якҷоя қисми таркибии сиёсати мо оид ба таъмини амният ва давлатдории миллӣ мебошанд.
Имрӯз раванди истиқлолият ва худшиносӣ тақозо мекунад, ки мо на танҳо бо гузаштаи дуру наздик ифтихор кунем, балки ба такдири ояндаи кишвар назар карда, ҳадафҳои даҳсолаҳои минбаъдаро пешбинӣ ва тарҳрезӣ намоем. Бо ҳамин ниятҳои нек, тамоми мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол саломатӣ, бахту саодат ва дастовардҳои беназир орзу менамоям.
Иброҳимзода Муъмина Бозорали, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Кӯшониён