ТАБРИКОТИ раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин бахшида ба “Рӯзи дониш ва дарси сулҳ”

Омӯзгорони гиромӣ!

Ҳамдиёрони азиз!

 

Чашмаи саршори илм аз

остони мактаб аст,

Мурғи бахти орзу аз ошёни

мактаб аст ,

Ақлу дониш, илму ирфон,

дафтару меҳри китоб,

Баҳри мо хизматрасон аз кони

ганҷи мактаб аст !

       Бо шукргузорӣ аз шукуҳи тантанаҳои 33 –юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, амну осоиштагӣ ва тинҷию оромӣ оғози соли нави таҳсил, оғози муваффақиятҳо, оғози комёбиҳову музаффариятҳоро бо орзуву ниятҳои нек ва қалби пур аз самимият ба ҳамаи Шумо муборак мегӯям!

Ба Шумоён, омӯзгорону хонандагони азиз ва падару модарони меҳрубон, саломатии бардавом, тинҷию оромӣ, хушбахтиҳои бепоён ва дастовардҳои беназири таҳсилро таманно менамоям!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти мактабу маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат муайян намуда, дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар аҳли илму маорифро вазифадор намуданд, ки “Таҳким бахшидани иқтидори илми кишвар, устувор гардидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби бо ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши техналогияҳои муосир, ба корҳои эҷодиву техникӣ вазифаҳои муҳимтари соҳаҳои илму маориф мебошад”.

Дар ин радиф, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ ба соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа таваҷҷуҳи хосса дорад. Соҳаи маориф дар сохтори сиёсиву иҷтимоии давлат ҳалкунанда буда, нақши калидӣ ва барои баланд бардоштани маърифатнокӣ, ва камолоти маънавияти ҷомеа мавқеи беназир дорад.

Маориф чун як соҳаи арзишманду афзалиятнок ва сарнавиштсози ҷомеа маҳсуб ёфта, фардои миллату сарзамин, рушду такомул, ободию сарсабзии он, ҳастиву бақои миллат дар ҳамаи давру замон ба мактабу маориф алоқаманд буда, ба низоми таълиму тарбияи шаҳрвандони кишвар вобастагии калон дорад. Дар баробари ин, мактаб даргоҳи аз худ кардани донишу маърифат, одобу маданият ва тарбияи ахлоқи ҳамида мебошад. Зеро дар ботини ҳар як наврасу ҷавон тарбия кардани ҳисси ватандўстиву накӯкорӣ, бедор намудани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ, ташаккули ҷаҳонбинии васеъ ва расидан ба қадри арзишҳои неки маънавию ахлоқии миллӣ аз МАКТАБ сарчашма мегирад.

       Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро дар мадди аввал гузошта, омӯзгоронро захираҳои тиллоӣ ҳисобида ҳамасола барои хуб гардидани вазъи иҷтимоии омӯзгорон маоши онҳо баланд бардошта мешавад. Чи хеле, ки ба мову шумо маълум аст аз якуми июли соли 2024 маоши омӯзгорон ва дигар соҳаҳои иҷтимоиёт 40% зиёд карда шуд, ки ин иқдом боиси дастгирӣ ва руҳбаландии омӯзгорон гардид. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо омӯзгоронро лозим аст, ки тамоми дониш, малака ва қобилияти зеҳнии худро барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, тарбия намудани шогирдон дар руҳияи ватанпарастӣ ва хештаншиносии миллӣ сарф намоем.

Чунин меҳисобам, ки таваҷчӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф буд, ки солҳои 2020-2040-умро соли “Рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон намуданд. Дар ин самт масъулини соҳаро лозим аст, ки ҳамаррӯза баргузории чорабиниҳои илмию тарбиявиро дар муассисаҳои таълимии ноҳия роҳандозӣ намуда, хонандагонро дар маҳфилҳои фаннӣ, ба омӯзиши илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ ҷалб намоянд.

Бузургони фарҳангдӯсти мо беҳуда нагуфтаанд, ки дониш чароғи ақл, қуввати дил ва сарвати азимест, ки инсонро азизу муътабар мегардонад. Шахси донишманд ва соҳиби касбу ҳунар дар ягон давру замон душворӣ намекашад, зеро илми андӯхтааш ва касбу ҳунари азхудкардааш ҳамеша ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намуда, дар шоҳроҳи ҳаёт ба ӯ ҳамчун сипар хизмат менамояд. Шахс танҳо тавассути ақлу заковат, илму дониш ва касбу ҳунари худ метавонад дар ҷомеа соҳиби иззату эҳтиром гардад. Мо боварӣ дорем, ки Шумо омӯзгорони азиз дар ҳама давру замон такягоҳи миллату давлат будед, ҳастед ва хоҳед монд! Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёмашон санаи 23 декабри соли 2022 дар бораи мақом ва ҷойгоҳи мактабу омӯзгор баҳои баланд дода, аз ҷумла чунин изҳор дошта буданд, ки: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем ” .

Дар ҳошияи ин сухани пурҳикмати Пешвои миллатамон Шумо омӯзгорони азиз дар ҳама давру замон такягоҳи миллату давлат будед, ҳастед ва хоҳед монд! Дар охир ба Шумо омӯзгорон меҳнати содиқона ва ба хонандагон дониши хубу аълоро таманно менамоям!

Сарбаланду сарфароз бошед устодону омӯзгорон ва хонандагони азиз!

 

 

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.