Санаи 25 сентябри соли 2024, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти Раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Абдуллозода Зайдулло ва бо иштироки вакилон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони бахшу шуъбаҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои маориф ва тандурустии ноҳия, иҷлосияи бистудуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид. Баъд аз интихоби котиботи иҷлосия, раиси маҷлиси вакилон рӯзномаи Маҷлисро пешкаши ҳозирин намуданд. Рӯзномаи иҷлосияи бистудуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум аз масъалаҳои зерин иборат буд.
1.Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 18 августи соли 2021, “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои амалигардидаи Барномаи таъмин намудани муассисањои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷҷаҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” дар ноҳияи Кӯшониён.
2. Дар бораи қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 10 феврали соли 2022 оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 22 ноябри соли 2021, №366, дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №461 “Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025”
3.Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои озуқа, ислоҳоти замин, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ .
4. Ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии “Заргар” №35
5. Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳия.
Аз рўи масъалаи якуми рўзномаи иҷлосия ҳисоботи муовини раиси ноҳия Ҳ.Миҷгона шунида шуда, ба шуъбаю бахшҳо, раёсату идораҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту идораҳо, муассисаю хоҷагиҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вобаста ба иҷрои қарори мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Аз рӯи масъалаи якуми иҷлосия ҳамзамон якчанд вакилон ба музокира баромаданд. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Абдуллозода Зайдулло дар суханронии худ вобаста ба масъалаҳои баррасигардида, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, аз вакилон ва ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, инчунин бо сифат иҷро гардидани Барномаҳои давлатӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд. Баъд аз баррасии ҳамаи масъалаҳо, иҷлосияи бистудуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум ба охир расид.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён