Санаи 1 ноябри соли 2024, тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Фармони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ноҳия, муовини аввали Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Ситоди Генералии Қувваҳои мусаллаҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерал майор Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим, намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комисариати вилояти Хатлон, омодагии қувва ва воситавии рақами 3 ва захираи сафарбарӣ барои пуррагардонии қисмҳои низомӣ, ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ бо ҷалби шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи ноҳия ва нақлиёти гуногун баргузор гардид. Мақсад аз баргузории ин чорабинии муҳим, дар омодабошии шаҳрвандон ҳангоми мудофиаи ҳудудӣ арзёбӣ гардид. Сардори Ситоди Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ, барои дар сатҳи баландӣ сиёсӣ ва ташкилӣ омода намудани мудофиаи ҳудудӣ ба роҳбарияти ноҳия ва тамоми иштирокчиён миннатдории самимии худро баён намуданд. Раиси ноҳия дар суханронии худ пеш аз ҳама ташрифи меҳмонони гиромиро ба ноҳия хайрамақдам гуфта қайд намуданд, ки баҳри таъминоти волоияти қонун, риояи ҳатмии он ва интизоми хубу намунавии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарор дошта бори дигар собит месозад, ки мо шаҳрвандони ноҳияи Кӯшониён баҳри ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолият, пойдории сулҳу Ваҳдати миллӣ, арзишҳои муқаддаси миллӣ, марзу бум ва осоиштагии мардуми кишварамон дар пайравии Сарвари давлат, пеш аз ҳама содиқ будан ба савганди ҳарбӣ, омодагии худро имрӯз бо иштироки шаҳрвандони дар эҳтиёт қарор дошта собит намуд.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён