Санаи 14 ноябри соли 2024, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ", бо иштироки муовинони раиси ноҳия Саидбеки Сафарбек, Ҳакимзода Миҷгона ва Сардори ШВКД дар ноҳия Саидзода Зафар бо фаъолон Ситоди корӣ вобаста ба рафти фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани бегонапарастӣ, хурофот ва ифротгароӣ баргузор гардид. Сараввал фаъолияти гуруҳҳои корӣ натиҷагирӣ гардида, вобаста пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ободонию созандагӣ дар маҳал супоришҳои мушаххас дода шуда, баҳри бартараф намудани камбудиву норасиҳои ҷойдошта муҳлат дода шуд. Дар суханронии худ сардори ШВКД дар ноҳия қайд намуданд, ки масъалаи бегонапарастӣ дар ҷомеаи мо имрӯзҳо яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб меравад. Аҳли ҷомеа бояд нисбат ба ин зуҳурот бетараф набуда, дар якҷогӣ бар зидди паҳн шудани урфу одатҳои бегона мубориза баранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки яке аз зуҳуроти нангин дар ҷомеаи муосир ин бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона ба ҳисоб меравад ва Роҳбари давлат махсус ин нуктаро таъкид намуданд, ки: «Сиёсатмадорону фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд». Гуфтан ба маврид аст, ки бегонапарастӣ ва тақлиди кӯр-кӯрона, аслан, хоси мардуми тоҷик набуда, дар раванди ҷаҳонишавии фарҳангӣ ба наслҳои оянда таъсири зараровари худро мерасонад. Бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму оини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангиест, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад.
Имрӯз воқеият баёнгари он аст, ки ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи таърихии худро инъикос намуда, аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшияш шинохта мешавад. Модарону бонувони мо – тоҷикон низ тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намуда, муборизаи беамон бар зидди он барем. Дар рафти кори Ситод ҳамзамон масъалаҳо вобаста ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардиданд.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён