Имрӯз 4 декабри соли 2024, дар асоси нақша чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2024, қарори раиси вилояти Хатлон аз 18 декабри соли 2023, таҳти рақами 292 "Оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2024, Амри раиси ноҳия аз 29 ноябри соли 2024, таҳти рақами 34 "Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар ноҳия, инчунин бо мақсади санҷида баромадани сатҳи омодагии Мақомоти идоракунӣ, баланд бардоштани малакаи касбии ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании ноҳия, такмили малакаи мустақилона амал намудан дар ҳамагуна ҳолатҳои фавқулода саҳнаҳои 2 то 4 декабри соли равон дар ноҳия машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи "Амалӣ ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи ноҳия ҳангоми рахнашавии НБО "НОРАК" ва зери хавфи об мондани ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ноҳия баргузор гардид. Др машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар ноҳия бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ, комиссияи мудофиаи гражданӣ ва зернизомҳои ҳудудии низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, сардорони хадамотҳои мудофиаи гражданӣ фаъолона иштирок намуда ҳамзамон беш аз 100 нақлиётӣ гуногун ҷалб карда шуд. Инчунин дар машки мукаммал роҳбарияти ноҳия, сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждани дар вилояти Хатлон полковник Маҳмадзода Ҷамшед Бобохон иштирок намуданд. Тибқи нақшаи машқи мукаммал, сараввал аз маркази Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод аз мавзеи офатзада ба мавзеи бехатар кучонидани аҳолӣ ба варзишгоҳи марказии ноҳия доир гардид. Сипас дар майдони варзишгоҳи марказии ноҳия машқҳои асосии чорабинӣ, во ба ҷо намудани сокинон дар хаймаҳо, аз назорати табибон гузаронидан, намоиши таҷҳизотҳо асбобу олотҳои Раёсати ҳолатҳои фавқулода, шиносоӣ бо хадамотҳои мудофиаи гражданӣ доир гардид. Ҳангоми суханрониҳо роҳбарияти ноҳия ва сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании дар вилояти Хатлон Маҳмадзода Ҷамшед барои дар сатҳи баландӣ ташкилӣ баргузор намудани машқи мукаммал миннатдории самимии худро ба масъулин ва иштирокчиёни чорабинӣ баён намуда, дар ҳаминҷо шахсони фаъоли машқи мукаммал бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон сарфароз гардиданд.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён