КӮШОНИЁН: ИҶЛОСИЯИ БИСТУ СЕЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ, ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ГАРДИД

     Санаи 13 декабри соли 2024, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти Раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Абдуллозода Зайдулло ва бо иштироки вакилон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони бахшу шуъбаҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои маориф ва тандурустии ноҳия, иҷлосияи бистусеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид. Баъд аз интихоби котиботи иҷлосия, раиси маҷлиси вакилон рӯзномаи Маҷлисро пешкаши ҳозирин намуданд. Рӯзномаи иҷлосияи бистусеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум аз масъалаҳои зерин иборат буд.

1.Дар бораи ҳисоботи кории раиси ноҳияи Кӯшониён дар ёздаҳ моҳи соли 2024.

2. Дар бораи тасдиқи лоиҳаи буҷети ноҳия барои соли 2025 ва иҷрои буҷети маҳаллӣ дар соли 2023-юм

3.Дар бораи тасдиқ намудани меъёри андози маҳаллӣ барои соли 2025.

4. Дар бораи муқаррар намудани ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва тасдиқи Комиссияи интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён.

5. Дар бораи тасдиқи Нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқва Нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён барои соли 2025.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия сараввал ҳисоботи кории раиси ноҳия дар 11 моҳи соли 2024 шунида шуда, ба шуъбаю бахшҳо, раёсату идораҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту идораҳо, муассисаю хоҷагиҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вобаста ба бартараф гардидани камбудиву норасиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, вазифадор гардиданд. Аз рӯи масъалаи якуми иҷлосия ҳамзамон якчанд вакилон ба музокира баромаданд. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Абдуллозода Зайдулло дар суханронии худ вобаста ба масъалаҳои баррасигардида, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, аз вакилон ва ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, инчунин бо сифат иҷро гардидани Барномаҳои давлатӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд. Баъд аз баррасии ҳамаи масъалаҳо, иҷлосияи бистусеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум ба охир расид.

1_35.jpg 3_136.jpg 4_103.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.