КӮШОНИЁН: ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ИДЕОЛОГӢ-ВОХӮРИИ ГӮРУҲИ ТАБЛИҒОТӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ВАҲДАТИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НАВБАҲОРИ НОҲИЯ

      Бо мақсади расонидани мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии навбатии гуруҳи корӣ бо сокинони деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия баргузор гардид. Вохӯриҳои гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини раиси ноҳия Саидбек Сафарбекзода дар ҳайати намояндаи КДАМ дар ноҳия , муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Далер Собиров, сармутахассиси дини ҷамоат ва назири минтақавӣ доир гардида, баромадкунандагон доир ба мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон", масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, тақлиди фарҳанги бегона, тоза озода намудани маҳал аз партовгоҳо, пешгирии худкушивухудсузӣ ва хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, муқовимат вобаста ба савдои одамон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, ташаккули худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ,ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, пешгирии нашъамандию нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, таблиғу ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва ҷалби сокинон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

2_133.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.