КӮШОНИЁН: БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ҚАДБОНУИ БЕҲТАРИН" ДАР НОҲИЯ

     Санаи 28 феврали соли 2025, бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории фестивалу намоиш иду озмунҳои Фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 таҳти рақами АП- 713 тасдиқ гардидааст ва бо ибтикори шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо иштироки мудири бахши САҲШ дар ноҳия Иброҳимзода Мумина, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Азимзода Сайёра, кормандони ҲХДТ дар ноҳия, кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҷавондухтарон, занону бонувони ҳунарманд даври ноҳиявии Озумуни ҷумҳуриявии "Қадбонуи беҳтарин" дар асоси талаботи Низомномаи озмун баргузор гардид. Мақсад аз баргузории ин озмун, пеш аз ҳама эҳёи таомҳои милливу маҳаллӣ, ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, густариши ҳунарҳои пазандагӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти қадбонуҳои беҳтарин, тарғиби расму оинҳои миллӣ буда, инчунин омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона равона гардидааст.

2_134.jpg 3_140.jpg 6_74.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.