ТАБРИКОТИ И.в.Раиси ноҳияи Кӯшониён Холзода Муҳамадшариф, бахшида ба ҷашни «Рӯзи Модар»

«Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем!» - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ин суханони Президенти кишварамон бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки барои баланд бардоштани мақом ва иззати занону духтарони тоҷик талош намоем, эҳтирому ҷойгоҳи ӯро ҳамеша муқаддас нигоҳ дорем ! Бонувони иззатманди ноҳияи Кӯшониён таҷассуми хираду маърифат, одобу ахлоқи ҳамида ва ободии рӯзгору пешрафти ҷомеа мебошанд. Нақши созандаи бонувони Ватани азизамон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар Паёми ҳамасолаашон тавсиф гардида, ба таври хосса таваҷҷуҳи махсус мегузоранд! Аз ҷумла, дар Паёми санаи 28 декабри соли 2024 ироагардидаашон, таъкид намуданд, ки «Дар фарҳангу тамаддуни мо –тоҷикон иззату эҳтироми Зан-Модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт , ки мақому манзалати бонувону занон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст» . Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шумоён занону духтарони фаъоли ноҳия, собиқадорони меҳнат ва Модарони азизро самимона бо «Рӯзи Модар» табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва хушиҳои рӯзгорро орзу менамоям!

       Аслу ҷавҳари «Рӯзи Модар»-ро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан- модар ташкил медињад. Модар он чашмаи хурушонест, ки њастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Модар -рамзи љовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон аст ва агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас зан – модар бо меҳру муњаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии њар як хонаводаи мо мебошад. Оила- ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи нерӯи зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб меёбад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан-модар вобаста аст.  Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад.  Зан- модари тоҷик дар тамоми давраҳои таърихии халқамон барои ҳастии забон, пойдории миллат ва рушди фарҳанги миллӣ ғамхорона ва содиқона хизмат кардааст. Боиси хурсандист, ки имрӯз сафи занони фаъолу роҳбар дар ноҳияи Кӯшониён кам набуда, ин шумора ба 288 нафар расидааст, ки онҳо аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои худ бо сарбаландӣ баромада истодаанд ва барои пешрафти ҷомеаи имрӯзаи мо саъю кӯшиш доранд.

Албатта, занону бонувони ноҳия дар ривоҷу равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Занону бонувон дар рушди соҳаи кишоварзӣ низ саъю талош намуда, дар таъмини сабади истеъмолии сокинон саҳми арзанда доранд. Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз дар ноҳия аксари хоҷагиҳои деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд. Мо ҳама бояд хуб эҳсос ва дарк намоем, ки ободии Ватан аз ободии ҳар як оила ва ҳар як манзили истиқоматӣ ибтидо мегирад. Ободии хонадон ба солимии ҷисму рӯҳ, дунёи маънавӣ, маърифат, ҳунари қадбонугӣ, ҳавсала ва завқи бадеии зан-модар вобаста аст. Бо дарназардошти ин, ҳар як зани тоҷик, ки ободии Ватан ва хонадони худро мехоҳад, бояд пеш аз ҳама барои тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зисти худ, хонаву ҳавлии худ ва деҳаву ноҳияи худ кӯшиш ба харҷ диҳад.

      Пойдор ва солим будани муҳити оилавӣ инчунин мавҷудияти низом ва сатҳи зарурии зиндагӣ дар ҳар як хонадон ба сатҳи маърифати занон вобастагии калон аст. Аз ин рӯ, бояд занон соҳибмаърифат ва тибқи таъомули шарқиёна некодобу хушрафтор, хушгуфтору накӯкирдор ва барои тарбияи хуби фарзандон, ба ҳаёти мустақилона ҳаматарафа омода намудани онҳо ҷаҳонбинии васеъ дошта бошанд.  Мо ба закомати азалӣ ва нерғи созандаи занони фарзона ва оқилаи ноҳия ҳамеша такя менамоем, зеро онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони ватандӯсту ватанпарвар, боодобу соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту худшинос, инчунин бо ташаббусҳои пайгиронаи худ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо хоҳанд гузошт.  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бо мақсади таъмини суботи сартосарӣ, солимии оила, баланд бардоштани маърифати оиладории ҷомеа кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, ба вазифаҳои роҳбарикунанда занону бонувони донишманд ва арзандаро интихоб ва пешниҳод намояд.  Дар фарҷоми сухан, бори дигар тамоми занону модарон ва бонувони арҷмандро ба ифтихори бузургдошти «Рӯзи модар» ва фарорасии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, ки бо гузашти якчанд рӯз ба Ватани маҳбуби мо шодиву фараҳ меоварад, самимона табрик гуфта, бароятон хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осударо орзу менамоям!

Идатон муборак, модарону хоҳарон ва бонувони азиз!

 

 

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.