
Бо мақсади расонидани мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии навбатии гуруҳи корӣ бо сокинони деҳаи Хурсанди-2 Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия баргузор гардид.
Вохӯриҳои гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини раиси ноҳия Саидбек Сафарбекзода дар ҳайати муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Далер Собиров, сармутахассиси дини ҷамоат доир гардида, баромадкунандагон доир ба мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон", масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, тақлиди фарҳанги бегона, тоза озода намудани маҳал аз партовгоҳо, пешгирии худкушиву худсузӣ ва хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, муқовимат вобаста ба савдои одамон, таълимоти ғайрирасмии динӣ, фарогирӣ ба зинаи 3-юми таҳсил, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, ташаккули худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, пешгирии нашъамандию нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, таблиғу ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва ҷалби сокинон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
«Кӯшониён»