
Санаи 10 январи соли 2026, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, таҳти раёсати раиси ноҳия Холзода Муҳамадшариф, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Абдуллозода Зайдулло ва бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту идораҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар фаъолон, маҷлиси ҷамъбастӣ тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоёти хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2025 баргузор гардид.
Тибқи рузномаи маҷлиси ҷамъбастӣ сараввал ҳисоботи муовини аввал ва муовинони раиси ноҳия шунида шуда, сипас пурсиши як қатор роҳбарони ташкилоту идораҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба амал омад. Дар ҳисоботи муовини раиси ноҳия Амризода Бадахшон қайд гардид, ки соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода намуда, ба як қатор дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардидаанд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия афзуда, 2 миллиарду 972 миллиону 36 ҳазору сомонӣ ташкил намудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 239 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 8,7 фоизро ташкил намуд.
Дар соли 2025 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 41 ҳазору 400 тонна ғалладонагиҳо бо ҷуворимакаи дон, 18 ҳазору 856 тонна картошка, 173 ҳазору 985 тонна сабзавот, 33 ҳазору 332 тонна полезӣ, 22 ҳазору 959 тонна меваҷот ва 12 ҳазору 492 тонна ангур истеҳсол карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳамаи номгуи маҳсулотҳо зиёд истеҳсол гардидааст. Соли сипаригашта аз ҷониби чорводорони ноҳия дар ҷамъ 18 ҳазору 532 тонна гушт, 56 ҳазор тонна шир, 6,7 миллион дона тухм, 214 тонна пашм, 10,2 тонна пилла, 45,6 тонна асал ва 69,1 тонна моҳи истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи сипаригашта 1 ҳазору 183 тонна гушт, 180 тонна шир, 7 тонна пашм ва 13,2 ҳазор тонна тухм зиёд мебошад.
Дар соли 2025 дар ҳудуди ноҳия 33 ҳазору 500 бех ниҳолҳо шинонида шудааст, ки аз ин 14 ҳазору 300 бех сояафкан, 10200 бех ҳамешасабз ва 9 ҳазору бех ниҳолҳои ороишӣ ташкил менамояд. Вобаста ба соҳаи иқтисод ва саноат муовини раиси ноҳия Амризода Бадахшон ҳисобот манзур намуда қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба буҷетӣ маҳаллӣ 96 миллиону 871 ҳазору 800 сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 3 миллиону 212 ҳазору 900 сомонӣ зиёд буда, 103,4 фоизи нақшаи муайяншударо ташкил менамояд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта бошад, 16 миллиону 800 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Айни замон дар ноҳия 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 205,8 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар соли сипаригашта ҳаҷми умумии маҳсулоти корхонаҳои саноатии ноҳия бо сектори хусусӣ ба маблағи 485 миллиону 227 ҳазору 200 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 58 миллиону 719 ҳазору 100 сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши маҳсулот 13,7 фоизро ташкил менамояд.
Дар ҳисоботи худ муовини раиси ноҳия оид ба соҳаҳои сохтмон, энергетика ва комуналӣ Қаҳҳорзода Нурмаҳмад қайд намуд, ки ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти рақами АП- 174 аз 15 марти соли 2022, оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 392 адад иншоотҳои гуногун ба нақша гирифта шуда, дар соли сипаригашта 161 адади он мавриди истифода қарор дода шудааст, ки дар ҷамъ 320 ададро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ маблағи барқи истифодашуда 65 миллиону 984 ҳазору 800 сомониро ташкил дода, аз ин дар давраи ҳисоботи 58 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки 89,2 фоизро ташкил медиҳад. Дар соли сипаригашта ба маблағи 13 миллиону 592 ҳазор сомонӣ корҳои таъмири роҳҳо иҷро шудааст, ки аз ин 1 миллиону 816 ҳазору 700 сомонӣ аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Бо ҷалби соҳибкорон ва сокинони маҳал дар ҷамъ 26,7 км роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи 10 миллиону 850 ҳазору 300 сомонӣ мумфарш карда шудасст.
Дар ҳисоботи ҷамъбастии худ, Ҳакимзода Миҷгона муовини раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт қайд намуданд, ки дар ноҳия 60 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 64 ҳазору 892 нафар хонандагон таҳсил мекунанд ва 2663 нафар хатмкунандагонро ташкил медиҳанд. Дар назди 59 муассисаи таълимӣ 118 гуруҳи Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шудааст, ки дар самти фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ мусоидат менамояд. Қайд гардид,ки озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” ва “Тоҷикистон – ватани азизи ман” дар сатҳи ноҳия мувофиқи матлаб гузаронида шуданд, ки доираи васеъи иштирокчиёнро фарогир буданд. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, хонандаи МТМУ 17 ноҳия Анварзода Самия сазовори ҷойи 3 гардид. Дар “Квотаи Президентӣ ” аз ноҳия 211 нафар роҳхат гирифта аз ин 22 нафар соҳиби номи донишҷӯй шуданд. Аз шумораи умумии хатмкунандагон 2091 нафарашон ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супориданд, ки 78 фоизро ташкил медиҳад.
Муовини раиси ноҳия Сафарбеки Саидбек вобаста соҳаи идеологӣ, дар ҳисоботи худ қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи бахшу шӯъбаҳои идеологӣ дар маҷмӯъ 242 маротиба сӯҳбату вохӯриҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявии фаъолона иштирок намуда, 249 медал ба даст овардаанд, ки аз ин 94 медали тилло, 85 медали нуқра ва 70 медали биринҷӣ мебошад. Баъд аз пурсиши як қатор роҳбарони ташкилоту идораҳо сухан ба Саидзода Раҳим намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Дар суханронии худ Саидзода Раҳим тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияро таҳлил намуда, баҳри ислоҳи камбудию норасоиҳо, иҷроиши саривақтии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, расидан ба дастовардҳои арзанда ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар фарҷоми маҷлиси ҷамъбастӣ ба як қатор фаъолон муовинони раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ Ифтихорнома ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ва ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳо Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ дар вазъяити тантанавӣ супорида шуданд.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён





