Роҳҳои пешгирӣ ва сабабҳои авҷгирии терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон

Дар охири асри XX ва ибтидои садаи XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад.

Албатта, онҳое, ки мегӯянд экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм (даҳшатафканӣ) падидаҳое мебошанд, инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест. Решаҳои онҳо хеле чуқуранд. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд ва зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

Махсусан, ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд ва доираи фаъолияти террористон васеъ гардид. Бо инкишофи техникаву технологияи муосир шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Дар солҳои баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ибтидои солҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ҳам бар асари таъсири омилҳои айнӣ ва ҳам зеҳнӣ мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гуруҳу созмонҳое ташкил шуданд, ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротии мубориза истифода мекарданд ва ниҳоят ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.

Дар ҷараёни майдоннишиниҳо, ба гаравгон гирифтани вакилони мардумӣ, фишор овардан ба онҳо дар ҷараёни кори Парлумон, сӯиқасд ба ҷони кормандони боломақоми давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ғасби биноҳои ҳукуматӣ ва амсоли инҳо як амри муқаррарӣ шуда буд. Дар ин марҳилаи пурҳаводис гуруҳи осебпазир пеш аз ҳама ва беш аз ҳама қишри ҳассоси ҷомеа – ҷавонон маҳсуб меёфт, ки ин як фоҷеаи бузург барои миллати тоҷик буд.

Фақат хиради азалии мардум, сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи Роҳбари муаззами мардуми тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дарки амиқи сулҳу субот аз ҷониби роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки манфиати миллат ва ватанро аз ҳама боло дониста, хатари заволи давлатдории тоҷиконро эҳсос намуданд, имкон дод, то дар муддати нисбатан кӯтоҳ дар кишвари мо сулҳу оромӣ аз нав пойдор ва Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам комил гардад.

Айни ҳол, мутобиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синнашон то 30–сола наздики 70 фисади аҳолии ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Пас, вақте мегӯем «ҷомеа», мо асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте мегӯем «мушкилоти ҷавонон», қабл аз ҳама мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон мадди назар аст.

Яке аз мушкилоти умдаи имрӯза тамоюл ва гароиши ҷавонон ва ҳамин гуна, ҷамъияти асосии мамлакат ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист. Ин ҷо саволе ба миён меояд: Чаро сарзамини тоҷикон, ки қадимитар аз худи таърих ва нахустин гаҳвораи тамаддуни башарист, дорои мардумоне хайрхоҳу фарҳангдӯст ва соҳиби дину ойини солим аст, бо ин балои осмонӣ ва падидаи шайтонӣ рӯбарӯ шуд?

Мутафаккири бузург Эрнест Хемингуэй гуфта буд, ки: «Агар дар оянда ҷанге рух диҳад, он ҷанги байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуҷуд хоҳад омад».

Аз назари геополитикӣ Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва дар марзи азимтарин тамаддунҳои дунё қарор дорад. Табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳад кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пайгирӣ намояд. Ҳол он, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ягонаи татбиқи идеяҳои низоми давлатдорӣ, яъне бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб гардидааст.

Ин ҷо мо як қатор сабабҳои айниеро меорем, ки барои паҳншавии ифротгароии заминаи динӣ дошта ва терроризм дар Осиёи Марказӣ ва хусусан, дар Тоҷикистон мусоидат карда, ба истиқлолияти комили давлатӣ хатар эҷод месозанд:

Якум. Баъди шикасти идеологияи коммунистӣ холигии идеологие пайдо гардид. Ин холигӣ, махсусан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар манотиқе, ки аксари аҳолияш вобастаи анъанаҳои мусулмонӣ буд, баръало эҳсос мешуд. Ин холигиро амалан идеологияи исломӣ пур мекард. Ҷомеаҳои мусулмонӣ ангезаҳои таҳрикбахшеро барои инкишоф ва худсобиткунӣ ба ҳайси қувваҳои ҷамъиятии қобили аҳамият пайдо намуданд.

Дуюм. Худшиносии миллии халқҳое, ки акнун давлатдории худашонро барқарор намуда буданд, хеле боло рафт. Дар шароити бисёрмиллатии аҳолии чунин кишварҳо ба мисли Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон омили исломӣ ба нишонаи асосии ҳуввияти шаҳрвандӣ мубаддал гардида буд. Барои ҳамин, доираҳои ҳукмрони ин кишварҳо ҳаматарафа раванди эҳёи анъанаҳои исломиро дастгирӣ мекарданд. Дар баъзе кишварҳо таъсири рӯҳониёни мусулмон ба дараҷае баланд гардид, ки онҳо на танҳо даъвои ҳокимияти динӣ, балки ҳокимияти сиёсиро низ доштанд.

Сеюм. Ғайр аз мақсадҳои васеъ кардани доираи нуфузи фарҳангӣ доираҳои муайяни кишварҳои мусулмонии хориҷаи дур мақсадҳои мушаххаси иқтисодӣ низ доштанд. Манфиатдор будани доираҳои алоҳидаи соҳибкорони ҷаҳони исломӣ барои дастёбӣ ба захираҳои бойи табиии минтақаҳои Осиёи Марказӣ бо пардаи идеологии ташкили «ҷаҳони ягонаи исломӣ» рӯйпӯш шуда буд.

Чорум. Дар аксари ҷомеаҳои мусулмонии Осиёи Марказӣ меъёрҳои соддатарини давлати ҳуқуқбунёд аз истифода баромаданд. Беқонунӣ дар бисёр мавридҳо ҳамчун қоида ва хусусияти муносибати ҷамъиятӣ ба назар мерасид. Дар ин шароит аҳолии мусулмони баъзе давлатҳои Осиёи Марказӣ дар зери меъёрҳои исломӣ паноҳ мебурд.

Панҷум. Сиёсишавии ислом ва истифодаи фаъолонаи он аз тарафи доираҳои сиёсии як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ба даст овардани манфиатҳои гурӯҳиашон омили муҳим гардид. Дар баъзе ҳолатҳо дини мубини исломро гурӯҳҳои ғаразхоҳ ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва дигар фаъолиятҳое, ки баъзан характери ҷиноӣ ба худ гирифта буданд, пайваст намуданд.

Шашум. Аз ҷониби баъзе роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дуруст баҳо наёфтани паҳншавии ифротгароии динӣ, саривақт наҷустани чораҳо ба муқобили ин раванд ба пуршиддат гаштани вазъият мусоидат намуд. Дар маҷмӯъ қатъ гардидани тамоюли робитаҳои анъанавӣ дар байни давлатҳои муштаракулманофеъ ба он оварда расонд, ки дар муқобили паҳн гардидани ифротгароии исломӣ роҳбарони ин кишварҳо оҷиз монданд.

Ҳамин тавр, раванди сиёсишавии ислом, ки барои тадриҷан паҳн гардидани ифротгароии динӣ ва терроризм мусоидат менамуд, ба таври шартӣ дар се марҳилаи асосии замонӣ амалӣ гардид:

Марҳилаи аввал, асосан давраи аз охири солҳои 80 то аввали солҳои 90 қарни ХХ–ро дар бар гирифта, бо эҳёи ҳаматарафаи дини ислом дар ҳудуди кишварҳо тавсиф мегардад.

Марҳилаи дуюм, ки давраи аввали солҳои 90–ро дар бар мегирад, бо пурқувват гардидани омили динӣ ҳамчун натиҷаи низоъҳои мусаллаҳона фарқ мекунад. Калонтарин чунин низоъ дар Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гардид, ки зоҳиран муборизаи қувваҳои дунявӣ бо гурӯҳҳои динӣ буд. Дар асл ин ҷанг таҳмилӣ буд, ки шарҳи сабабҳо ва омилҳои он ба таври мухтасар номумкин аст.

Марҳилаи сеюм, асосан давраи охири солҳои 90 асри гузашта ва солҳои аввали асри ХХ1–ро дар бар гирифта, бо пурқувват гаштани гуруҳҳои диниву мазҳабӣ қазоват мекунад. Гуруҳҳои гуногуни исломӣ ба бозиҳои сиёсӣ дохил карда шуданд. Ин раванд инъикоси худро дар он пайдо намуд, ки дар харитаи геополитикии Осиёи Марказӣ ба таври хеле равшан манфиатҳои як қатор марказҳои ҷаҳонии нуфуз ба чашм мерасид.

Ҳамзамон, чандин омилҳое буданд, ки махсус барои шомилшавии мардуми тоҷик, махсусан ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротиву тундгаро мусоидат карданд. Аз ҷумла, муддате пайдо шудани холигии идеологияи пурмуҳтавои давлат, яъне иҷро нашудани идеяҳои низоми давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аз ҷониби масъулин дар маҳалҳо, надоштани маърифати ибтидоии динӣ, маълумот надоштани оммаи мардум аз моҳияти воқеӣ ва ҳадафҳои сиёсии ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пайваста маблағгузорӣ гардидани гуруҳҳои иртиҷоӣ аз тарафи муассисони хориҷии худ, мушоҳидаи каҷравию фасоди иҷтимоӣ, аз қабили коррупсия, дурӯғи калонсолон, беадолатӣ миёни мардум, дастрасӣ ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, фирефтаи суханҳои бардурӯғи шахсони ифротӣ гаштани мардум ва ҳоказо.

Ҳамин тариқ, аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ вобаста ба пешгирии чунин амалҳои зишту нанговар тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Вале як сохтор ё мақоми давлатӣ наметавонад ба танҳоӣ кулли ҷомеаро тағйир диҳад. Барои он, ки мардуми мо, хусусан, ҷавонон маърифати созанда дошта бошанд ва на маърифати сӯзанда, бояд ҳар як идораву муассиса, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст дар дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ онҳоро аз ҷодаи торики гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем.

Дар поён дар чанд нукта роҳҳои пешгириро унвон кардан ба маврид аст:

– дар бораи мубориза бо ифротгароӣ ва хатари он боз ҳам бисёртар баргузор намудани конфронсу маҷлисҳо бо ҷалби қишрҳои васеи аҳолӣ. Дар ин замина, Ҳукумати Тоҷикистон чорабиниҳои зиёд рӯи даст гирифтааст. Яке аз ин чорабиниҳо ҷашнгирии 1310–солагии Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва соли 2009–ро эълон намудани Соли бузургдошти ин фақеҳи бузург ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ буд, ки бо таври хоса ва густурда таҷлил гардид;

– сарчашмаҳои молиявии созмонҳои ифротгаро ва террористӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар муайян ва нест карда шаванд;

– террористон аз сарчашмаҳои ҷалби маблағ, аслиҳа, воситаҳои моддӣ ва ғайра маҳрум карда шаванд;

– марказҳои таъминоти идеологӣ ва дастгирии террористон, марказҳои тарбияи онҳо мушаххас ва аз байн бурда шаванд;

– маҳдуд намудани имконияти истифодаи террористон ва ифротгароён аз ВАО. Маълум аст, ки расонаҳои хабарӣ яке аз воситаҳои дастраси таъсиргузорӣ мебошад, ки террористонро ҳамроҳӣ мекунанд. Онҳо бисёр манфиатдоранд, ки аз ВАО истифода намуда, аз як тараф имиҷи худро ҳамчун «муборизон барои озодӣ» ташаккул диҳанд ва ғояҳояшонро паҳн намоянд, аз тарафи дигар, аҳамият ва ҳайсияти худро нишон дода, аҳолиро ба тарсу даҳшат биёранд.

– корҳои таблиғотӣ, тарбиявӣ, фаҳмондадиҳӣ, суҳбатҳои инфиродӣ, чопи китобҳо, дастурҳои омӯзишӣ, мақолаҳои таҳлилӣ, тарбияи динию маънавӣ, барномаҳои телевизиониву радиоӣ, мулоқоту вохӯриҳо бо шаклу усули нав ва ғайраҳо.

Хулоса, ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем.

Итминони комил дорем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди тоҷик дар ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузошта, баҳри таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти комили Ватан хидматҳои шоиста хоҳанд кард.

Бигзор Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сулҳу Ваҳдати миллии тоҷикон пояндаву ҷовидон бошад!

 

Орифӣ Озар Баҳромзода, корманди Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.