«Мо бояд ватанамонро баробари модари худ ва мисли ҷонамон дӯст дорем !»

       Ин даъвати навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Президенти Чумҳурии Тоҷикистон ,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд,  ки   рӯзи 12 майи соли равон дар мулоқоташон бо аҳли ҷомеаи кишвар садо доданд. Аз оғоз то анҷом дар  суханронии Пешвои маҳбубамон   мазмун ва оҳанги даъватӣ эҳсос мегардид. Мардумро  ба иттифоқиву сарҷамъӣ ва бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар шинохти ҳувияти миллӣ бо роҳи Конститусияи интихобкардаи худ устуворона пеш рафтанро, ҳидоят намуданд. Ҳар лаҳза таъкид мекарданд, ки « ҳар як шаҳрванди кишвар бояд як масъалаи ниҳоят муҳимро амиқ дарк намояд: вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад,ки онҳо дар баробари донишманд ,аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон , инчунин , бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд, ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд  ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд»..   Нисбат ба ҳар вақти дигар  «зираку ҳушёр будан, дар ғафлат намондан, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кардан,ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон –истиқлолияту озодӣ ,соҳибватаниву соҳибдавлатӣ , сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расидан» водор намуданд. Шиддат гирифтани низоъҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва вазъи мураккаби сайёра моро ҳушдор медиҳад ,ки сари ин масъалаҳо бо дарки масъулияти бузург андеша намоем ва дар ҳалли мушкилотҳои пешомада дастаҷамъона мубориза барем.Таъкид гардид,ки ташаккулёбии миллати аз нигоҳи ҳувияти миллӣ худшиносу худогоҳ ва саводноку соҳибмаърифат кори осон нест, он аз ташкили самараноки корҳои тарбиявӣ дар оила, боғча , мактаб  ба даст омада, вазифаи ҳамешагии хизматчиёни давлатӣ , зиёиён, олимон, нависандагону шоирон ва ходимони дин мебошад. Маҳз тавассути корҳои тарбивию маърифатӣ тафаккур ва амали насли имрӯзу фадо ташаккул  ёфта,  арзишҳои меҳварӣ ҳифз мегарданд. Аз истифодаи  дурусту оқилонаи имкониятҳои дар ихтиёрдошта наслҳои нави донишманду эҷодкор , худшиносу худогоҳ, ба шароити нави таърихӣ тобовар ва содиқ ба давлату ватан тарбия кардан мумкин аст. Ҳамон вакт мушкилоту камбудиҳо дар самти худшиносии милливу динии мо бартараф мегардад, ки агар     пешбурди муназзами корҳои тарбиявӣ «аз оила то коргоҳ» ташкил карда шавад. Роҳбари давлат огоҳ карданд, ки имрӯз муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»пурра риоя намегардад. То ҳол падару модарон барои ба мактаб рафтани фарзандон  монеаҳо эҷод менамоянд, ки яке аз сабабҳои сар задани падидаҳои номатлуб дар  ҷомеа мегарданд.  Ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудани беш аз 23 ҳазор падару модарони кишвар  бори дигар аз он дарак медиҳад,ки на ҳамаи шаҳрвандон   дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои волидайнӣ масъулияти  том доранд ва рисолати хешро дар назди фарзанд адо менамоянд. Бегонашавии як гуруҳ фарзандони кишварамон низ тасодуфӣ набуда, «саҳми оила» дар ташаккули ин омили манфӣ дар рӯҳу равон ва табиати фарзандон нақш доранд. Дар ҳама даврон барои фарзандон оила -макони мукаддас ҳисобида мешуд. Пас воқеият аст, ки оила -пойгоҳи асосии  ташаккулёбии ҷаҳони маънавии Инсонҳо   дониста мешавад .Тибқи мукаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таълиму тарбияи фарзандон ба се ниҳоди  муҳими ҷомеа : оила , мактаб ва ҷомеа  уҳдадор карда шудааст. Риояи ҳатмии талаботҳои  қонуни миллӣ   мушкилотҳои чомеаро дар замони муосири ҷаҳонишавӣ,ки ҳар сония бо суръати кайҳонӣ  тағйир меёбад, бартараф намуда,  пойдории давлат ва ҳастии миллатро таъмин менамояд. Фарзандони худогоҳу ватандӯст  ва  босаводу донишманд сарвати бебаҳои давлату миллат ба ҳисоб рафта, ба умри бардавоми давлатмон асос мегузоранд. Пас меарзад, ки  дар ҳошияи вазифагузориҳои  навбатии  Пешвои миллатамон, махсусан дар роҳи ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандон ,азхудкунии онҳо ба касбу ҳунар бо дарки масъулияти баланд муносибати ҷиддӣ намоем  ва дар ин замина барои ба воя расонидани инсонҳои комилу солеҳ , мутахассисони варзидаи  баландихтисос, ба шароити нави таърихӣ тобовар , содиқ ба ватану давлат мусоидат намоем.

 

Д. Шукруллозода

Муовини раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 4.8 (4 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.