Солҳои охир тероризм ва экстремизм ба хатари бузурги глобалӣ табдил ёфта, бо шаклу усулҳои боз ҳам дахштноктар дар кураи замин рунамоӣ дорад. Инсоният тӯли зисташ дар рӯи замин бори нахуст бо амалҳои ғайриинсоние, ки таърих онро ёд надорад, рӯ ба рӯ гаштааст. Кишварҳои зери ҳадаф қарорёфта харобу валангор гардида, мардумонаш зери озори сахти бераҳмона ҳалок мегарданд. Овозаи ваҳшонияташон то ба гӯши фалак расида, сайёраро ба ларза овардааст. Ва суоли инсонҳо дар мавриди маҳв кардани ин хатари бузург то ҳол беҷавоб мондааст.
Дар замони муосири рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорем. Дар ҷаҳон ҳар сония навгониҳо ва ихтироотҳои охирини аср бо дасти инсонҳо рӯи кор омада ва дар хизмати худи инсон қарор мегиранд. Воқеият аст, ки ҳар ашёи рӯи замин бо тафаккури инсон ва барои манфиати ӯ сохта шуда, истифода мегардад. Инсон қодир аст, ки офаридаҳояш ҳам нафъовар ва ҳам хатарзо бошад. Пас маълум, ки «Шуур» дар сохтан ва эҷод кардан накши асосӣ мебозад. Дар «Шуур» -и инсонҳо «ғояҳо» ҳифз карда мешаванд ва аз он Шуур тарбият ва ташаккул меёбад.
Тавассути шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон ва дигар манбаъҳои хабарӣ огаҳӣ дорем, ки рӯзҳои 21- 22 майи соли 2017 Президенти мамлакатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити сарони давлатҳои олами арабу ислом ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иштирок ва суханронӣ карданд. Кори ҳамоиш дар мавзӯи таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо ва муборизаи муштарак бар зидди хатарҳои глобалии ҷомеа – терроризму ифротгароӣ баргузор карда шуд. Дар кори ҳамоиши сатҳи баланди байналмилал, ки сарони 55 кишварҳо иштирок доштанд, Президенти мо низ оид ба хатари бузурги глобалии ҷомеа суханронӣ карда, аз ҷумла қайд карданд, ки «Моро ба ин ҷо зарурати баррасиву муҳокимаи мавзӯъҳое ҷамъ овардааст, ки боиси нигаронии амиқи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд». Бори дигар таъкид карданд, ки сулҳу суботи комили сиёсӣ омили калидии раванди созандаи рушди устувор мебошад. Гарчанде, ки таи 25 соли охир барои бартараф кардани ин мушкилот садҳо ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ баргузор гардида, эъломияҳо таҳрезӣ гардида бошанд ҳам, вале то ҳол ба натиҷае муваффақ нашудем. Бараъло дар бораи «меъёрҳои дугона», «мавқеъгирии духӯра», ки мавриди пуштибонии сиёсиву иттилоотӣ ва молиявии гурӯҳу созмонҳои ифротӣ қарор гирифтаанд ва рӯз то рӯз ин мушкилот аз лиҳози ҷуғрофӣ доман паҳн карда, бо шаклу усулҳои боз ҳам даҳшатноктар ҷилванамойӣ карда, кишварҳои замоне ободу осуда валангору нобуд гашта , талафоти ҷонӣ ва харобиву хисороти иқтисодии бузургро ба бор овардааст, сухан карданд.
Президенти мамлакатамон рӯзҳои вазнини солҳои 90-ум дар ҳаёти Тоҷикистон рухдодаро, ба ёд оварда , таъкид карданд, ки «кишвари мо бо падидаи густурдаи зӯровариву мудохила аз хориҷ ва таҳмили андешаву равияхои бегона ба сари мардум, ки аз ғояҳои ифротгаройиву террористӣ маншаъ мегирифтанд, рӯ ба рӯ шуд». Воқеият аст, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ ё таҳмилӣ дар Тоҷикистон ба коми худ садҳо ҳазор нафар шахрвандонро фурӯ бурда, беш аз як миллион нафар гуреза шуда, ба кишварҳои ҳамсоя ҳиҷрат карда, бехонумон гаштанд.
Хушбахтона,бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллатамон ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеа баркарор гардид. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон собит кард, ки ҳар амали дар роҳи хайр пешгирифта шуда, пирӯзӣ меорад. Истифода ва ташаккули муколамаи васеи миллӣ воситаи муҳими пирӯзӣ гардид. Ва ин таҷрибаро Сарвари мо ба иштирокчиёни ҳамоиш пешниҳод карданд. Маълум, ки таҳдидҳои глобалӣ таъсири худро ба ҳар як кишвари олам мерасонад. Имрӯз дар мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои глобалӣ тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳамкории муштарак қарор гирифта, омилҳои воқеӣ, моддӣ ва маънавие,ки терроризм аз он маншаъ мегирад, муайян карда мешавад.
Ноамниҳои замони муосир ба амнияти кишвари мо низ таҳдид менамояд. Гуруҳе аз «гумроҳон»-и ҳамватани мо ба ҳаргуна харакату гуруҳҳои ифротӣ шомил гардида, ба кишварҳои бегона ҳиҷрат кардаанд. Фарзандони бошарафи Тоҷикистон паҳлӯи ҳамдигар барои дар амну суботи комил нигоҳ доштани давлати навбунёд заҳмати содиқона кашида, дар партави сиёсати дурбинонаи фарзанди накӯноми миллат, Пешвои миллатамон , муттаҳид гардида, бо нангу номуси миллӣ қадам пеш мегузоранд. Тоҷикистон - ватани маҳбуби мо буда, ба гулистони ҳақиқӣ табдил додани он вазифаи ҷонӣ ва қарзи фарзандиву шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.
Дилафрӯз Шукруллозода
муовини раиси ноҳияи Кӯшониён