Вохӯрии раиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо фаъолони ноҳия

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бо иштроки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода ва муовини раиси ноҳия Дилаффрӯз Шукруллозода вохӯрии судманд бо фаъолон ва аъзоёни ҳизб баргузор гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода изҳор дошт, ки Ҳукумати кишварамон ҷавонону наврасонро дастгири намуда, барои онҳо тамоми шароити лозимаро муҳаё сохтаанд.

IMG_2108.JPGБештари аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил менамояд. Дар тамоми кишварҳои  дунё ҷавонону наврасон ба ҳайси як нерӯи бузурги созанда ва пешбарандаи ҳаёт эътироф шудаанд ва бе гуфтугӯ афзалиятҳои стратегияи насби он давлатҳо ва ҷомеае мегардад, ки истифодаи самарабахши омили инсонӣ,  пеш аз ҳама он неруи навро, ки татбиқгари асосии он ҷавонон мебошанд аз худ менамоянд. Имрӯзҳо сиёсати давлатии ҷавонон яке аз рукунҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон ба шумор меравад ва масъулият барои тақдири ояндаи миллат, амният оромиши давлат, эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамадун фарҳанги бузурги ниёгони мо, бунёди давлати мутараққӣ, ҳуқуқбуниёд  ва демократӣ ба дӯши ҷавонон вогузор гардидааст. Воқеан ҳам ҷавонон сарчашмаи умед ояндагони миллат ва созандагони ҷомеа мебошанд. Барҳақ солимии онҳоро, солмии миллату давлат солимии ҷомеа ва башарият донитсаанд. Ҷомеа, ки ҷавонони қави ирода, эҷодкор ва навовар надорад ҷомеаи ноустувор аст. Имрӯз Тоҷикистон дар шароити итиқлолияти давлатии барои шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муқаддасоти давлатдорӣ аз диди тоза назар андохта, беҳтарин арзишҳо, ормонҳоеро муайян карда аст, ки метавонад манфиатҳои имрӯзу фардои миллату давлатро дилппурона бо воситаи ҷавонони ватанпарвар ватанхоҳи кишварамон дифоъ намоянд. Шинохти инсон ҳамчун арзиши олӣ дар анъанаҳо афкори ҳуқуқи имрӯзаи мо некӯ, ба таври арзанда  инъикос ёфтааст. Дар идомаи суҳбаташ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар қонунҳои амалкунанда ибрози андеша намуд. Дар охири вохӯрӣ миёни Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода   ва шаҳрвандон суол ҷавоби судманд сурат гирифт.

Аҳлиддини Муборакшоҳ

Миёна: 5 (3 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.