Ҳамоиши ҷавонон дар ноҳия

Ҳамоиши калони оммавӣ бо иштироки ҷавонони ноҳия бо мақсади баён кардани эътироз вобаста ба фоҷиаи бо сайёҳон рухдода, маҳкум кардани амалҳои террористӣ-экстремистӣ ва кирдорҳои собиқ аъзоёни ТЭТ ҲНИ – ҳамчун хиёнаткорони давлату миллат, ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ, дастовардҳои даврони Истиқлолият ва ба сарҷамъиву муттаҳидӣ даъват кардани тамоми ҷавонони кишвар, дар руҳияи баланди ватандӯстӣ доир карда шуд.

Дар кори роҳпаймоӣ ва ҳамоиши сиёсии ҷавонон раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо ва муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода Умар ва дигар ҳайати расмӣ пайваст гардида, ҷавононро ба бедориву ҳушёрӣ ва зирак будан даъват карданд. Савод, дониш ва маърифатро василаи муҳими пирӯзӣ дар зиндагӣ арзёбӣ карданд.

Ҷавонони фаъоли ноҳия зимни баромадҳояшон изҳор намуданд, ки "Мо, ватани худро дўст медорем, бо Пешвои миллат ҳастем ва барои шаъну шарафи Тоҷикистони азизамон содиқона меҳнат менамоем". Муроҷиатномаи ҷавонони ноҳия, ки дар он мавқеи ҷавонон ва эҳсоси баланди ватандорӣ муайян карда шудааст, ба тамоми сокинони ноҳия дар шакли варақа паҳн карда шуд. Чунин ҳамоишҳои калони ҷавонон дар 8 ҷамоатҳои шаҳраку дуҳоти ноҳия идома дорад.

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.