Муроҷиатномаи Ҷавонони ноҳияи Кӯшониён дар робита бо қазияи ба амал омадаи санаи 29-июли соли 2018, ки дар шоҳроҳи Данғара ба вуқуъ пайваст.

Хиёнат ба Ватан,  хиёнат ба модару хоҳар ва хешу ақрабо мебошад. Боиси таасуф аст, ки як амали ноҷои гумроҳона ва нопоки душманони миллату давлат, ки таҳдид ба ҷони сайёҳони хориҷӣ  кишвар буд, кулли ҷавонони ноҳияи Кӯшониёнро ба ташвиш овард.

Воқеаи имрӯза собит намуд, ки бадхоҳону душманони миллат бо истифода аз нерӯи ҷавонон ғаразҳои нопоки худро нисбати сайёҳони хориҷӣ, ки ба муносибатҳои байналмилалӣ рабт дорад анҷом доданд, таъсири манфии худро расонид.

Мо ҷавонон ноҳияи Кӯшониён ин кирдори ноҷавонмардонаи як гурӯҳ ҷавонони вилояти Хатлонро, ки амали гумроҳӣ мебошад, маҳкум менамоем.

Ин заҳоксириштҳо, бадхоҳону бадкешони миллат, ки вуҷуди онҳо бо заҳр олудашуда аст, ба амале даст заданд, ки боиси монеаҳо ва омаду рафти сайёҳони хориҷӣ мегардад.

Танҳо ҳамбастагию ҳамдилии мардум, хусусан ҷавонон, ки як нерӯи бузурги ҷомеа ба ҳисоб мераванд, метавонад, ки дар муқобилияти ҳама дастаҳои ҷиноятпеша ва гурӯҳҳои манфиатҷӯй истодагарӣ намоянд ва ба ин амал нуқта гузошта, амнияти сайёҳонро дар минбаъда кафолат диҳанд.

Маълум аст, ки иқтидори иқтисодиёти аксарияти давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба рушди соҳаи сайёҳӣ таалуқ дорад.

Қасди ҷони сайёҳон кардан ин бешак хиёнат ба давлату миллат ва монеа шудан дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар мебошад.

Ҷавонони ноҳияи Кӯшониёни дар пайи ин фоҷеа омодаанд, ки барои ҳимояи муқаддасоти миллӣ, дифо аз марзу буми кишвар ва ҳар як каф хоки Ватан ба муқобили дастандаркорони ин амал, ки боиси марги 4 нафар сайёҳ гардидааст мубориза бурда, ҷони худро қурбон намоянд.

Мо ҳеҷгоҳ фаромуш намесозем, ки обрӯю эътибор ва нангу номуси мо дар ҷомеаи байналмилалӣ аз ватандории мо сарчашма мегирад.

Табақаи ҷавони ҷомеа  хуб медонад, ки то ба ин рӯзи пурсаодат расидан ва Истиқлолияту Ваҳдатро ба даст овардан садҳо ва ҳазорҳо нафар ҷавонон ва фарзандони фарзонаи ин миллат ҷонбозиҳо карда, Ватан гуфтанд ва дар натиҷа истиқлолияту ваҳдат ва сулҳу субот насиби мардуми кишвар гардидааст. Дигар ҳеҷ гоҳ нооромоию ашки чашми модарон, ташвишу изтироби падарон ва овора шудани фарзандонро қабул надорем!

Мо, ҷавонон ҳеҷгоҳ муноқишаҳои солҳои 90-умро фаромуш нахоҳем кард. Амали ин фоҷеа паёмадҳои он солҳоро дошта, нишонаи оғози фитнаи навбати аст. Дар ин росто, миллати мо, алалхусус, ҷавононро зарур аст, ки худогоҳу ҳушёр бошанд ва ба ҷойи пайравӣ аз фарҳангҳои бегонаву ақидаҳои фитнаангез ба асолату фарҳанги миллӣ, суннатҳои инсонгароёнаи ниёгонамон рӯ оварда, барои ҳимояи марзу буми меҳан, хоки муқаддаси кишвар, амнияту оромии ҷомеа ва пос доштани арзишҳои миллӣ истодагарӣ намоянд.

Бо иродаи қавӣ, масъулияти бузурги ватандорӣ месазад, ки дар замири ҷавонон меҳри ватансозию бунёдкориро бедор карда, садоқат ба Ватану Модар, иттиҳодию ҳамгироӣ, якдилию ҳамбастагиро мустаҳакам намуда, барои рушду тараққиёт, пешрафту муваффақият ва  ба даст овардани музаффариятҳои комил, ҳамчун Пайравони асили Пешвои миллат онҳоро ҳидоят намоем.

Барои ҳар як давлату миллат, аз он ҷумла, Тоҷикистони маҳбуб ва миллати бофарҳанги мо, яке аз шартҳои расидан ба зиндагии осоишта ва босаодат ба қудрату тавоноӣ кор гирифтан аз илм,  ва дур будан аз хурофоту ҷаҳолат мебошад.   

Мутаассифона, баъзан мушоҳида мекунем, ки як зумра чеҳраҳое ҳастанд, ки дини мубини исломро ба хурофоту ҷаҳолат омезиш дода, бо таъсиррасонии талаботҳои имрӯзаи хоҷагони худ халқу миллатро аз пешравӣ боз медоранд ва ба камолоти маънавии ҷавонон монеъ мешаванд.

Ҳол он ки,  мазҳаби озодаи ҳанафӣ дар асоси фармудаҳои Худову Расул исломро василаи расидан ба саодати дунё ва охират маънидод карда, мусулмонҳоро ба таҳаммулгароӣ, ваҳдату ягонагӣ, илмдӯстию озодандешӣ, созандагию бунёдкорӣ, ватандорию ҳаётдӯстӣ даъват намуда, аз хушунату разолат, кинаву адоват ва ҷангу хунрезӣ боз медорад.

Насли ҷавонро зарур аст, ки илму донишро раҳнамои худ қарор дода, ҳамқадами замона бошем, аз хурофоте, ки либоси динро ба бар кардааст, парҳезкунем, дарк намоем, ки маҳз мазҳабситезӣ ва ифрот дар ислом имрӯз бисёр кишварҳои мусулмониро ба майдони муноқишаҳои мусаллаҳона табдил додааст.

Мо, ҷавонони ноҳияи Кӯшониён ҳамчун ҷавонмардони ҷонфидои миллат дар паҳлуи Роҳбари ягонаи худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода, барои боз ҳам баландтар гардидани шаъну эътибори миллати худ ва аз ин ҳам ободу зебо шудани, кишвари азизамон содиқонаву софдилона меҳнат менамоем!       

Боварии комил дорем, ки ҷавонони хирадпеша ва ватандӯсти ноҳияи Кӯшониён муроҷиатномаи моро дастгирӣ намуда, баҳри саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи кишвари азизамон бештар  аз имрӯза саъю талош меварзанд!

Азимов Парвиз

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.