Баромади раиси ноҳияи Кӯшониён дар мулоқот бо ҷавонони ноҳия

 

Мулоқоти имрӯзаи мо дар даврае мегузарад, ки мардуми кишварамон, дар зери таассуроти амиқи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои қабул намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору зиндагӣ ва барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҷидду ҷаҳд ва талош доранд.

Аммо бо вуҷуди ин ҳастанд нафароне, ки ба ободию шукуфоии кишвар бо чашми бад менигаранд. Яке аз чунин шахсиятҳо роҳбари ҳизби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудаи Ҳизби Назҳати Ислом Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Номбурда бо воситаи хоҷагонӣ зархариди хориҷиаш мехоҳад ба оромии кишвар халал ворид намояд.

Ҳодисае, ки санаи 29 июли соли равон, дар шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Сафобахши деҳоти «Оқсу»-и ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон рух дода, далели гуфтаҳои боло мебошад.

  Имрӯз авзои сайёра ба ҳамагон маълум аст. Дар ноором сохтани суботи давлатҳои соҳибистиқлол бештар таъсири гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва ё кишварҳои алоҳида бараъло эҳсос мешавад. Онҳо аз ҷониби доираҳои муайян ва аз номи дини мубини Ислом баромад намуда, ба бадномкунии мусалмонон мепардозанд. Маҳз атрофии ин масъала Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ бахшида ба рузи Ваҳдати миллӣ чунин гуфта буданд;

«Имрӯз дини мубини Исломро, ки аслан ва моҳиятан дини сулҳпарвар аст, ба василаи тарс додани башарият табдил дода истодаанд. Ислом ҳамчун яке аз динҳои бузурги ҷаҳонӣ ҳама гуна нифоқу хусумат, куштору ваҳшоният ва ҷабру зулмро маҳкум мекунад.

  Бинобар ин кӯшиши бо ҳар роҳу восита бадном кардани Ислом ва мардуми мусалмон, инчунин ба ҳар гунна мухолифату низоъ маҷбуран хислати исломӣ додан аз рӯйи адлу инсоф нест. Фаромӯш набояд кард, ки Ислом як сарчашмаи мусаффои афкору ахлоқ аст ва аз пайвастани дин бо сиёсат ҷанбаи баланди сулҳпарварона ва инсондӯстонаи он коста мегардад».

Яке аз омилҳои ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҷалб гардидани ҷавонон ин таҳсилоти ғайррасмӣ дар хориҷӣ кишвар мебошад.

Тибқи маълумотҳо дар давраи соҳибистиқлоли аз ҳудуди ноҳия дар хориҷӣ кишвар 137 нафар ҷавонон таҳсилоти ғайррасмӣ гирифтанд.

    Дар натиҷаи андешидани чораҳои дахлдор 131 нафари онҳо ба Ватан баргардонида шуда, 6 нафари дигар боқӣ мондааст, ки ҷиҳати баргардонидани онҳо ва ҷалб нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ аз тарафи масъулин суҳбату вохуриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ айни ҳол идома дорад.

Дар Паёми навбатии худ Президенти мамлакат дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маънавии Ватанамонро дар давоми соҳибистиқлолии Тоҷикистон зикр карда, ҳамзамон вазифаҳои басо масъулиятноку муҳимро муайян намуд.

Дар ин санади муҳим Президенти кишвар қайд намуданд, ки “Ҷавонон ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олии мо имрӯзҳо бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи ватани маҳбубамон саъю талош карда, дар бештари соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Аксари ҷавонон дар пайи таҳсил, интихоби касб ва аз худ кардани техникаву технологияҳои муосир талош намуда, дар дохилу хориҷи мамлакат илму донишҳои муосирро барои кишварамон аз бар карда истодаанд”.

Аз ин лиҳоз, ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи Ватану миллат ба дӯши онҳо гузошта шудааст. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ кӯшишу талош намояд. Аз ин рӯ, барои фардои дурахшони миллат, рушду такомул ва ободиву сарсабзии диёри воқеан ҳам биҳиштосоямон, ба ҷидду ҷаҳди нерӯи бузурги ҷавонон аз ҳарвақта дида бештар ниёз дорад.

  Барои дастгирӣ ва ҳавсмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод стипендияҳои Президентӣ, квотаи Президентӣ, стипендияи байналмилалии Президентӣ “Дурахшандагон”, грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин муқарар карда шуда сол аз сол ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст, ки ин иқдомот ҳамчун далели ғамхориҳои пайвастаи Давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёби мегардад, зеро ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихор ва сарбаландии миллат буда маҳз онҳо қудрати пешбарандаи илму фарҳангӣ миллат мебошанд.

    Ҳамаи ин аз он гувоҳи медиҳад, ки мақсад ва ҳадафи асосии Роҳбари давлатамон баланд бардоштани маърифати ҷавонон, барои хоҷагии халқ, тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисоси мусаллаҳ бо донишҳои муосир, техника ва технологияи навтарин мебошад.

Дар ноҳия барои тарбияи ҷавонон ва ба ҳаёти ҷомеа фаъолона ҷалб намудани насли ҷавон корҳои зиёде ба сомон расонида мешавад.

Ин аст, ки соҳаи варзиш дар ноҳия сол то сол тараққӣ карда, оммаи васеи ҷавонону наврасон ба он мароқи бештар зоҳир менамоянд.

Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ варзишгарони ноҳия бо иштироки фаъолона дар мусобиқаи байналмилалӣ 4 медали тилло ва 3 медали биринҷӣ ва дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 37 медали тилло, 22 медали нуқра ва 30 медали биринҷиро ба даст овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Дар баробари ҳамаи ин дастовардҳо дастоварди варзишгарӣ ҷавони ноҳия Сулаймони Ҷамшед, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бозиҳои олимпии шаҳри Буэнос-Айреси давлатӣ Аргентина муаррифӣ менамояд яке аз дастоварди назаррасӣ варзишгарони ноҳия ба шумор меравад.

Сол то сол сафи варзишгарон дар миқёси ноҳия меафзояд. Бинобар ин ҷавононро лозим аст, ки бештар ба варзиш, тарбияи ҷисмонӣ, обутоб додани бадани худ машғул шаванд. Аз ин лиҳоз варзиш бояд дар байни ҷавонони мо ба маънои пуррааш характери оммавӣ пайдо намояд.

Ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур аз он иборат аст, ки мо сокинони ноҳияи Кӯшониён, ки харобиҳои ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарондаем, имрӯз бо иродаи қавӣ ҳамагуна амалҳои характери терористӣ ва экстремистӣ доштаро маҳкум намуда, тарафдори сулҳу оромӣ, амният ва ободии кишвари азизамон буданамонро иброз медорем.

           

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.