Бадхоҳони миллат ба мақсад нахоҳанд расид

   Амали ноҷавонмардонаи як гуруҳ хоинонро, ки боиси марги 4 нафар ва захми шудани 2 нафар сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон гардид, қотеъона маҳкум менамоянд. Ин амали даҳшатбор, ки дар ростои соли Рушди сайёхӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи хоинони миллат роҳандозӣ гардид, баёнгари нотавонбинӣ ва ҳасодату душманӣ дар баробари рушду инкишофи Тоҷикистон ва иқдомхои созандаи давлату ҳукумат ба ҳисоб меравад. Чунин рафтор бевосита душмани халқу миллат будани гуруҳҳои ифротиро ба намоиш гузошт.

   Гарчанде ин амали нангинашонро зери парчами ДИИШ пинҳон кардани шуданд, вале дар айни замон аъзои фаъоли ҳизби террористии наҳзати исломӣ будани сакардаи ҷинояткорон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки наҳзатиҳо ба хотири ноором кардану ба вартаи ҷангу хунрезӣ кашидани Тоҷикистони соҳибистиқдол аз ДИИШ дида хатарноктаранд. Ин хоинон ба ҳеҷ ваҷҳу ҳеҷ фитна наметавонанд миллати тоҷикро аз роҳи рушду ободони ва даст ёфтан ба ҳадафҳои бузурги созандагӣ баргардонанд.

   Ин ҳодиса ҷавонони сарбаланди Тоҷикистонро аз гузашта дида бештар атрофи сиёсати созандаву башардустонаи Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид сохт. Мо фарзандони миллати тамадунофар таҳти ин сиёсати одилонаву оқилона, алорағми ҳама тангназарону бадхоҳон дар роҳи рушди ободонии Тоҷикистони соҳибистиқдол муваффақ хохем шуд.

   Дар расонахои интернети маълум гардид, хи рӯзи 12.09.2018 М. Кабирӣ сарвари Ҳ.Н дар Тоҷикистон мамнуъгардида дар Варшава дар анҷумани САҲА нишастеро пиромуни вазъи маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон доир намудааст. Пеш аз ҳама барои дигар ба ҳамагон маълум буд, ки худи Кабирӣ кист? Ба ақидаи ман, ки то чӣ андоза нисбати ин фард маълумот дорам, ин як қатол, хунхор, моҷараҷуй, фитнаангез, бесавод, бесаводии ӯ то андозае, ки дини худ ҳамзабони худ, миллати худ, халқи худ Тоҷикистонро ба як ҳолате овард, бо хамтабақони худ ба сари мардуми осоиштаю азиятшикаста, ки нав аз дарду доғи ҳодисаҳои ташкилкардаи онхо раҳоӣ ёфтанд тиру туфанг бардошт, чанд нафар оилаҳо бе падар, чанд нафар падару модар бе ҷигарбанд мондаанд, чанд нафар фарзандон гирён шуданд. Фикр мекунам ва худро тасалли медиҳам, ки кай ақли ин махлуқ медаромада бошад?! То ба кай бозичаи дасти хоҷагони хориҷа шуда, ба мардуми худ хиёнат мекунад.

   Бояд тассавур намояд, ки ин зиндониҳо шахсоне мебошанд, ки майнаи мағзи сари онҳоро Кабирӣ ва думравони вай заҳролуд кардааст Тавре таъкид гардидааст дар баргузории нишаст дар толор шумораи иштирокчиён чандон зиёд набуданд. Таваҷҷуҳи зиёди иштирокдоронро ҷалб карда натавонистааст. Суоле ба миён меояд: Барои чӣ? Ҷавоб оддӣ аст. Барои он ки мардуми Аврупо, Осиё ва дигар давлатхои сулхҷуй бори дигар аз наздик шинохтанд, Кабирӣ кист? Хулоса, як дабдабагуй ва сафсатагуйи ватанфуруш. Аз ин лишҳоз таъкид менамоям, ки Кабирӣ «худро инсон шумор» кори хайвониро ичро накун!». Ин қадар «худатро ғамхор, меҳрубон, миллатпараст» нишон мадеҳ, ки бо чунин кирдору рафторат Худо назанад.

Фарзандонро дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои инсондустӣ тарбия намудану оқибатҳои манфии таассубу сиёсикунонии динро фаҳмонем;

Биёед барои ободии ин Ватану сарсабзии ин сарзамин софдилона хизмат намоем!

Биёед барои ояндаи дурахшони миллат ба фарҳангу сунатҳои аҷдодиамон арҷ гузорем!

Биёед барои рушди кишвари озоду соҳибистиқлоламон неруи созандаи худро сафарбар созем!

 

Ҷумаева Шоир

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.