Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар ноҳия

    Бахшида ба таҷлили рӯзи забони давлатӣ,  дар Кохи фарҳангӣ ноҳия чорабинии фарҳангию сиёси бо иштироки раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор, роҳбарони мақомоти қудратӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳо  ва сокинони ноҳия баргузор гардид.

    Дар назди бинои  Кохи фарҳангӣ ноҳия ба хотири арҷгузори ба ташаббуси наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кард, занону духтарони ҳунарманди ноҳия, ки ҳунару маҳорати дӯхтанӣ, сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва дигар ҳунару маҳорат доранд ба марази тамошо гузоштанд. Ҳамчунин дар ин ҳамоиш хонандагон ва омӯзгорон, барои ёдовар шудан аз гузаштагони хеш шеъру ғазалҳо ва саҳначаҳои тарбияви нишон доданд, ки аз тарафи меҳмонон хуб пазируфта шуд.

    Сараввал раиси ноҳия ҳамаи иштирокдорон ва сокинони ноҳияро ба ин рӯзи таърихӣ таҳният гуфта зикр намуд, ки забони тоҷикӣ таърихи беш аз ҳазор сола дошта, то имрӯз ҳамчун забони ягонаи давлатӣ истифода мешавад. Ҳар як фарди бонангу ори кишварамонро зарур аст, ки фарзандони  хешро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ ва дӯст доштани забони модарии хеш тарбия намоем. Чун, ки барои аз байн бурдани забони пурғановати тоҷикӣ душманони ин миллат аз қадим ҷаҳду талош меварзиданд, аммо ба мақсади ғаразнокашон намерасанд. Имрӯзҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз минбарҳои баланди сатҳи байналмилали бо забони шевои тоҷикона баромад мекунад, ки ин ифтихори ҳар як фарди ватандӯсту ватанхоҳӣ диёри азизамон мебошад,  қайд карданд раиси ноҳия.

    Дар охири чорабини барои болида хотирии иштирокдорон шуъбаи  фарҳанги ноҳия суруду  шеър дар васфи ватану забон қироат намуданд.

 

Аҳлиддини Муборакшоҳ

Миёна: 3 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.