Сулаймони Ҷамшед, дзюдочии тоҷик дар Бозиҳои олимпии наврасон-2018, ки дар Буэнос Айреси Аргентина ҷараён дорад, дар ҳисоби даставӣ сазовори медали биринҷӣ шуд.
10 октябр дар рӯзи чоруми мусобиқаи дзюдо қувваозмоиҳои даставии омехта баргузор шуд. Варзишгарон ба 13 даста тақсим шуда, бо номи шаҳрҳое, ки мизбони Бозиҳои олимпӣ буданд, номгузорӣ шуданд.
Варзишгари тоҷик Сулаймони Ҷамшед, ки дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни -66кг ҷои нуҳумро ишғол карда буд, дар ҳайати дастаи “Рио-де-Жанейро” ҳамроҳ бо варзишгарони Косово (Эрза Муминовиқ), Туркманистон (Милана Чоригулиева), Алҷазоир (Ёсамин Ҷиллаб), Словения (Метка Лобник), Қирғизистон (Султон Женишебов), Руссия (Абрек Нагучев), Бурунди (Флери Нихозеко) ҷои сеюмро сазовор шуд.
Дар ҳайати даставӣ тими “Пекин” ҷои аввалро ишғол намуд. Дастаи “Афина” ҷои дуюм, дастаҳои “Рио-де-Жанейро” ва “Лондон” зинаи сеюмро сазовор шуданд.
Муҳаммад Шарипов