Воқеият аст, ки дар ҳамаи давру замонҳо шахсиятҳои таърихие арзи ҳастӣ кардаанд, ки барои дар пояи адлу инсоф ва ҳақиқату раиятпарварӣ идора кардани кишвар ба шахсони масъул роҳнамо ва дастурамалҳо пешниҳод карда, дар устувор нигоҳ доштани пояи давлатдорӣ нақши муҳим бозидаанд. «Сиёсатнома»-и Низомулмулк намунаи барҷастаи осори гаронмояи асри 12 мебошад, ки барои пешбурди кори ҳукуматдории хонадони Салчуқӣ (дар давраи шоҳи салчуқӣ Маликшоҳ) эҷод гардида, тартиб, тарз, қоида ва қонунҳои асосии давлатдориро, бо овардани таърихи мулуки гузашта ва ҳодисаҳои гуногуни рӯзгор, дар бар мегирад. Низомулмулк дар тарбияти шоҳони салчуқӣ (Алпарслон, Маликшоҳ) ва равнақи сиёсати давлатдории онҳо хизмати шоёне карда, «вазири кордону лоиқе, ки умури мамлакати васеи салчуқиро идора мекард ва созмоне, ки ӯ барои ҳукумати салҷуқӣ тартиб дода, салтанати ононро аз ҳоли силтаи як қавми ваҳшии биёбонгард берун овард ва ташкилоти муназзам бад-он бахшид». Ҳанӯз дар асри 12 Низомулмулк бо навиштани рисолаи сиёсӣ дарак медиҳад, ки худсарӣ, беадолатӣ ва зулму ситам метавонад пояи ҳукмрониро суст карда, ба нестӣ орад. Ғояи асосии дастурамали Низомулмулк адлу адолат, ҷорӣ кардани тарзи оқилонаи давлатдорӣ, поквиҷдону порсо будани арбобони давлатӣ ва аз паи ободонии кишвару осоиштагии раият шудани шахсони масъул мебошад. Низомулмулк доимо орзу мекард, ки чунин ҳукуматдорӣ бояд кард: «Омили шаҳри Ҳамс ба Умари Абдулазиз набишт, ки девори шаҳри Ҳамс хароб шудааст, онро иморат бояд кардан. Ҷавоб набишт, баҳри шаҳри Ҳамс аз адл девор бояд кард. Роҳҳо аз зулму хавф пок кун, ки ҳоҷат нест ба гилу хишт ва сангу гаҷ».
Дар бисёр маврид Низомулмулк зимни идора кардани давлат фаъолияти шахсӣ, андешаву тафаккури озод доштани шоҳро меписандад. Мушоҳида мекард, ки амалдорони давр ба фисқу фуҷур, талаву тороҷ кардани халқ ва зулму ситамро сарвари амалиёти худ қарор дода буданд. Пас вазир маҷбур буд, ки бо фаъолияти шахсии шоҳ ва тадбирҳои оқилонаи ӯ мардумро аз гирифтории зулму ситам наҷот диҳад. «Чора набошад подшоҳро, аз он ки дар ҳафтае ду рӯз ба мазолим бинишинаду дод аз бедодгар биситонаду инсоф бидиҳад ва сухани раият бишунавад бевосита… муҳимтар бувад, бояд ки арза кунад ва дар ҳар як мисоле диҳад. Чун ин хабар дар мамлакат пароканда шавад, ки Худованд мутазаллимону додхоҳонро пеш мехонаду дар ҳафтае ду рӯз сухани эшон мешунавад ва золимонро шикаста медорад, дастҳои эшон кӯтоҳ шавад ва кас наёрад бедодӣ кардан аз бими уқубати он ».
Дар аксари ҳикояҳои Низомулмулк шоҳон одилу ботадбир, кордону донишманд тасвир меёбанд, ки дар онҳо асосан аз рӯзгори шоҳони давлатдории сулолаи Сомониён ва то андозае Ғазнавиён нақл мекунад. «Амири одил, аз ҷумлаи Сомониён, яке будааст, ки ӯро Исмоил ибни Аҳмад гуфтандӣ, сахт одил будааст ва ӯро сирати некӯ бисёр будааст, бо Худои таоло эътиқоди софе дошт ва дарвешбахшое буд ва аз сияри ӯ бознамудаанд. Ва ин Исмоил он аст, ки ба Бухоро нишастӣ ва Хуросон ва Ироқу Мовароуннаҳр ҷумла падарони ӯ дошта буда». Албатта, тасвири хислатҳои неки ҳокимон дар «Сиёсатнома», маҳсули хаёлот ва орзуи муаллиф аст. Низомулмулки тоҷики ориёитабор ҳанӯз дар замони хеш бо тасвири хаёлии «ҷомеаи адолатпарвар», аслан сарварии шахсони соҳибилму дорои сифатҳои накуро меписандид ва тарғиб мекард.
«Эзид субҳонаҳу ва таоло дар ҳар асрею рӯзгоре якеро аз миёни халқ баргузинад ва ӯро ба ҳунарҳои подшоҳона ва сиратҳои сутуда ороста гардонад ва масолехи ҷаҳону оромии бандагонро бад-ӯ бозбандад ва дари фасоду ошӯб бар ӯ баста гардонад ва имзову ҳашмати ӯ дар қулубу уюни халоиқ бигустаронад, то мардумон дар сояи адлу паноҳи риояти ӯ рӯзгор мегузаронанд ва эмин ҳамебошанд ва бақои давлати ӯ ҳамехоҳанд». Бо амри тақдир ва гузашти рӯзгор орзуи вазири доно, ки ҳанӯз дар асри 12 хаёлоти болозикрро эҷод карда буд, «Эзид субҳонаҳу ва таоло якеро» ба таври воқеият барои миллати тоҷик дар қарни 21 мушарраф гардонид. Таърих бо зуҳури Пешвои миллат, ки «аз миёни халқ», «ба ҳунарҳои подшоҳона ва сиратҳои сутуда ороста», «мардумон дар сояи адлу паноҳи риояти ӯ рӯзгор мегузаронанд, эмин ҳамебошанд», «бақои давлати ӯ ҳамехоҳанд» ва «масолехи ҷаҳону оромии бандагонро бад-ӯ бозбанд кард», бори дигар собит кард, ки ҳар орзуву нияти нек, хаёлоти равшани Инсонҳо замоне амалӣ хоҳад гашт. Саҳми Роҳбари давлат ҳамчун Сарвар ва Пешвои мардумӣ барои сарнавишти давлату миллати тоҷикон нақши муҳим ва аҳамияти аввалиндараҷа мебозад. Пешвои мо бо иродаи қавӣ ва муносибати ҷиддӣ дар хомӯш кардани оташи ҷанг дар кишвар, таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, эҳё ва эъмори давлати навини тоҷикон, аз парокандагиву нестӣ эмин сохтани давлату миллат, барқарорсозии сулҳу ваҳдат, бартараф сохтани хавфи аз байн рафтани давлат, нигоҳ доштани тамомияти ҳудудии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягонаи мустақил, ташкили системаи мукаммал ва муосири давлатдорӣ ва дар ин замина эҳёи рукнҳои миллӣ ва ниҳодҳои асосии давлатдорӣ, аз нав барқарор кардани органҳои конститутсионии давлатдорӣ, устувор сохтани ҷойгоҳи Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва то ба марҳалаи рушд ворид кардани Тоҷикистон, вазифаи таърихии хешро иҷро намуданд. Ғояҳои озодиву истиқлохоҳӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, авфу ҳамдигарбахшӣ, раиятпарвариву ватандӯстӣ ва бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд аз муҳимтарин паёмҳои Сарвари мо буданд ва ин паём ҳамеша гавҳари асосии тамоми барномаи фаъолияташонро ташкил медиҳад.
Муовини раиси ноҳияи Кӯшониён
Шукруллозода Дилафрӯз.