Баҳри таъмин намудани занону духтарони хонашин бо ҷойи кори доимӣ, дар ҳудуди ноҳия чандин иншоотҳои дӯзандагӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ҳунарҳои мардумӣ кушода шудааст. Тибқи иттиллоъи Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли ноҳияи Кӯшониён дар давоми 5 моҳи соли ҷорӣ 215 нафар занону духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шудааст. Бибимоҳо Мансурова яке аз занҳои ҳунармандӣ ноҳия мебошад, ки зиёда аз 13 нафар шогирдро аз нозукиҳои гулдӯзӣ, сузанидӯзӣ тоқидӯзӣ, ва дигар намуди ҳунарҳои мардумӣ меомӯзонад. Ӯ мегӯяд, ки аз хурдӣ бо кашидани ҳаргуна нақшу нигор дар рӯйи матоъҳоро дӯст медошт ва барои худ ва бо диди кӯдакона куртаҳои гулдӯзӣ медӯхт, ҳамин шавқу рағбати беандоза ба ин касбу ҳунар буд, ки ба орзуи деринтизораш расид.
Вай мегӯяд, ки муҳаббаташ ба ҳунарҳои миллӣ аз хурди бошад, ҳам аммо имконияти ривоҷу равнақ додани касби дӯстошташро надошт, хушбахтона аз соли 2010 ӯ имконият пайдо намуда, ба ин касб бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Бо дастгирии Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Кӯшониён дар соли 2016-ум дар хонаи худ курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ташкил намуда, занону духтарони деҳот, ки хонашин ҳастанду ҷойи кори доимӣ надоранд барои омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ ба шогирди қабул намуда, соҳиби сертификат ва шаҳодатномаҳои Раёсат гардиданд. Имрӯзҳо онҳо бо ҳамон ҳунару маҳоратӣ, ки дар рафти омӯзиш аз худ намуда буданд, дар тамоми чорабиниҳои сатҳӣ ноҳиявию вилояти ширкат намуда, соҳиби тӯҳфаҳои пулию молӣ мегарданд. Ба хотири арҷгузорӣ ба иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ахиран соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кард, майли занону духтарон ба ин касб нисбати солҳои гузашта зиёд гардид. Ин бонуи ҳунарманд аз он ифтихор дорад, ки ҳангоми Пешвои миллат ба Вилояти Хатлон ташриф оварданд, ҳамчунин аз ҳунару маҳорати занону духтарони минтақаи Хатлон дидан намудан, аз ноҳияи Кӯшониёни Бибимоҳо Мансурова низ иштирок намуда, аввалин даврӣ, ки бо ҳамроҳи занону духтарони деҳот духта шуда буд ба марази тамошо гузошта буданд. Чуноне ки худи ӯ қайд менамояд, ки дар он даврӣ тамоми зебогиҳои кишварамон ва бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” нақшҳои гуногун тасвир ёфта буд. Он натанҳо ба меҳмонони дохили кишвар хуш афтод, балки ба он иштирокдороне, ки аз хориҷи кишвар ташриф оварда буданд маъқул шуда, ҳамон лаҳза онро то 2 ҳазор доллари Амрикои нарх намуданд. Ҳангоми вохӯрӣ сарвари давлатамон барои мо бонувони ноҳия супориш доданд, ки давриро барои худ нигоҳ доранд, ба ҳамин хотир ин дастури Пешвои муаззамро сармашқи кори худ қарор дода то ҳол онро дар хонаи худ нигоҳ медорем. Боиси сарфарозист, ки имрӯзҳо Пешвои миллатамон занону духтаронро дастгирӣ менамояд, мо бонувони ҳунарманди ноҳия ҷавобан ба ин дастгирию ғамхориҳои бевоситаи роҳбари давлатамон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҷавобан ба ғамхориҳои сарвари давлатамон дар баробари дигар занҳои ҷумҳурии рушди ҳунарҳои миллиро дар сатҳӣ баланд бардошта, саҳмӣ арзандаи хешро дар ин самт мегузорем.
Аҳлиддини Муборакшоҳ