Ҳунараш оромкунандаи рӯҳу равонаш аст

   Саида Раҳмонбердиева сокини Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ буда, аз соли 2014 то инҷониб бо ҳамроҳӣ аҳли оилааш ба  қолинбофӣ машғул аст. Саида Раҳмонбердиева мегӯяд, ки аз  хурди ба касби қолинбофӣ шавқу рағбати беандоза дошта, аз ҳамон айёми навраси кӯшиш ба харҷ медод, ки ҳарчӣ зудтар ҳунарӣ аҷдодиашро аз худ намояд. Зеро қолинбофӣ аз насл ба насл барои онҳо боқи мондааст. Чуноне, ки худи  ӯ гуфт падараш дар сехӣ қолинбофӣ кору фаъолият менамуд ва дар ҳамон солҳо  падараш ҳунару маҳорати Саидаро мебинад, ки ӯ истеъдоди қолинбофӣ дорад барои вай вақт ҷудо намуда,  ӯро ҳамроҳӣ худаш ба сехӣ қолинбофӣ мебарад то, ки аз наздик шинос шаваду он нозукиҳои дар қолинбофӣ истифода мегарданд аз худ намояд.  Ҳангоми Саида ба воя мерасаду нозукиҳои ин касбро бештар меомӯзад, ӯро дар ҳол падараш дар  сех ба кор ҷалб менамояд. Бештар умри худро Саида ба қолинбофӣ гузаронидааст мегӯяд вай.

           Ҳар лаҳзае, ки барояш вақт даст диҳад дар ҳол рафта ба қолинбофӣ машғул мешавад ва худро бе ин касб тасаввур карда наметавонад. Ӯ мегӯяд, ҳангоми ба коре машғул мешаваду аз он хаста мешавад барои баровардани хастаҳолии худ, дар ҳол  рафта назди дастгоҳи қолинбофӣ нишаста ба қолинбофӣ машғул мешавад чӣ хеле, ки худи ӯ қайд дошт, дар вақти қолинбофӣ рӯҳу равонаш истироҳат мекунад. Дар баробари касби қолинбофияш Саида боз истеъдоди пухтупази хӯрокҳои миллӣ ва аврупоиро дорост ӯ мегӯяд, ки ҳангоми ягон тӯю маъракаҳои хешу табор баргузор гардад, дар ҳол ба Саида Раҳмонбердиева муроҷиат менамояд зеро ӯ аз пухтани хӯрокҳо ба хуби мебарояд.  

          Ӯ шукронаи сулҳу субот ва тенҷию амони кишвари азизамонро мекунад, ки дар чунин кишвари орому осудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият мекунад. Барои ӯ мояи ифтихор аст, ки аз тарафи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кард барои он шахсоне ки касбу ҳунари мардуми доранд онҳо дар ин сол имконияти фарох пайдо намуданд, ки боз ҳам касбу ҳунар маҳорати хешро ривоҷу равнақ дод он ҳунарҳое, ки аз қадим ба мо боқи мондаанд аз нав зинда намоянд. Имрӯзҳо худ шоҳиди он ҳастем, ки ҳукумати кишварамон барои  занону духтарони хонашине, ки ҷойи корӣ доими надоранд ва муддати зиёд мешавад, бекор ҳастанд чандин сехҳои дӯзандагӣ ва дигар иншоотҳои  замонавӣ барои таҳсил ба истифода доданд. Вай мегӯяд, ки зиёда аз 20 шогидро дар ин самт тарбия намуда, аз нозукиҳое, ки дар қолинбофӣ истифода мегарданд онҳоро омӯзонида онҳо айни ҳол кору фаъолият мекунанд. Бештари онҳо дар хонаҳои худ чунин дастгоҳоро сохта ба бофтани қолинбофӣ машғул ҳастанд, дар баробари ин боз чандин шогирдонро дар ҳамин самт тарбия менамоянд. Саида Раҳмонбердиева гуфт, ки барои занону духтарон аз тарафи ҳукумати кишварамон сехҳои дӯзандагӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддат кушода шуда бошад ҳам, аммо ба назар мерасад, ки занону духтарон бекор ҳастанд. Худ он занону духтарони хонашине, ки ба ягон шуғл фаро гирифта нашудаанд онҳоро ба шогирди қабул намуда, аз ин ҳисоб онҳо соҳиби маблағ ва шаҳодатнома мегарданд.

 

 

Аҳлиддини Муборакшоҳ

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.