Рӯзи 24 октябри соли равон дар Кохи фарҳанги ноҳия даври ноҳиявии ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018» баргузор гардид. Дар озмун тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуда, ҳунару эҷодиёти худро ба марази тамошо гузоштанд. Бояд ёдовар шуд, ки чорабинии мазкур бо дастгирӣ ва сарпарастии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар ҷамъбасти озмӯн иштирокчиёни ноҳияи Кӯшониён соҳиби 146 хол гардиданд.
Рӯзномаи Кӯшониён