Конститутсия – бахтномаи  миллат

   Мушовир  оид  ба  корҳои  тарбия Ҳайдарова  Тахмина  тибқи  нақшаи  чорабиниҳои  тасдиқнамудаи  мудири  шуъбаи  маорифи  ноҳияи  Кӯшониён  дар  муассисаи  таълимии  №7  семинар-машварати  ҷонишинҳои  директорони  муассисаҳои  талимӣ  оид  ба  корҳои  тарбиявӣ  дар  мавзӯъҳои  «Конститутсия – бахтномаи  миллат»,  намоиши  ҳунарҳои  мардумӣ  ва  бозиҳои  варзишӣ- ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим  дар  санаи  30.10.2018  гузаронида  шуд.

   Бахшида ба 24-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷамъомад  устодону шогирдони ин муассисаи  таълимӣ  ва  ҷонишинҳои  директорони  муассисаҳои  талимӣ  оид  ба  корҳои  тарбиявӣ  ҳузур  доштанд.

   Ҷаласаро  бо  сухани  ифтитоӣ мушовир  оид  ба  корҳои  тарбияи  шуъбаи  маориф   Ҳайдарова  Тахмина    ҳусни оғоз бахшид. Сипас, дар назди ҳозирин омӯзгорони  муассисаи  таълимии  №7  Тоҷибоев  Ш ва муассисаи  таълимии  №68  Кулулов  Ҷ  дар бораи бобҳои  алоҳидаи  Конститутсия ҳарф зада кайд намуданд,  ки Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  чун  роҳнамои  давлати соҳибистиқлол дар рушду ободӣ  ва оромии кишвар  нақши  муассир  дорад.

   Дар ҷамъбасти ҷаласа қироати шеъру сурудҳо дар васфи Тоҷикистон сароида шуд ва байни устодону хонандагон бозиҳои  варзишӣ- ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим  доир гардид.

 

Шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.