Садаф Мирҷонова соли 1958 дар деҳаи Гагарини ноҳияи Вахш ҳозира Кӯшониён чашм ба дунё ҳастӣ кушодааст. Ӯ аз хурди ба духтани нақшу нигори дасти шавқу рағбати беандоза дошта, пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми рақами №54-и ноҳия ба омӯзишгоҳи дӯзандагии шаҳри Қӯрғонтеппа ҳозира Бохтар барои такмили ҳунару маҳораташ ҳуҷҷатҳои худро месупорад. Сипас дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №54- и ноҳия ба ҳайси омӯзгори фанни таълиму меҳнат дарс мегӯяд. Ӯ аз ӯҳдаи дӯхтани либосҳои миллӣ аз қабили бофандагӣ, дӯзандагӣ, гулдӯзӣ қӯроқдӯзӣ, сузанидӯзӣ, баромада метавонад. Дар чорбиниҳои сатҳи баланд иштирок карда соҳиби туҳфаҳою ифтихорномаҳои зиёд гаштааст.
Аҳлиддини Муборакшоҳ