Ҳунараш ӯро шуҳрадманд намуд

    Тозагул Самадова соли 1951 дар ноҳияи Балҷувон ба дунё омада аз хурди бештар ба духтани ҳаргуна нақшу нигор завқи беандоза дошт. Падару модари ӯ аз ноҳияи Балҷувон соли 1955 ба ноҳияи Кӯшониён мекучанд. Тозагул Самадова  муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми рақами №1-и ноҳияи Кӯшониёнро  хатм намуда, пас аз хатми муассисаи мазкур бо машварат ва дастгири аҳли оилаашон ба донишгоҳи давлатии омӯзгори шаҳри Кулоб месупорад.  Ӯ бо сари баланд донишгоҳро ба итмом расонида дар муассисаи рақами №60-и ноҳия ба ҳайси омӯзгори фанни забону адабиёт кору фаъолият менамояд. Вай дар баробари омӯзгор буданаш ҳунару маҳорати духтани либосҳои миллӣ ва ҳаргуна нақшу нигор аз қабили гулдӯзӣ, сузанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ бофандагӣ дошта, ҳунарҳои дастии худро дар чандин намоишгоҳои вилоятиву ҷумҳуривию ва сатҳи ба марази тамошо гузошта харидорон ва талбгорони зиёд пайдо мекунанд. Барои харидори намудани ҳунарҳои дастияш натанҳо сокнони кишвармон таваҷҷуҳи зиёд доранд, балки диққати хориҷиёни низ ба ҳунарҳои Тозагул Самадова бештар аст. Чуноне ки худи ӯ илова намуд ҳангоми ба духтани кашидадӯзи ё ин, ки гулдӯзи машғул мешвад аз ҳамаи он хастагиҳое ки тули як рӯз ба худ бардошт карда буд аз сараш бартараф шуда худро дар дунёи гулу гулзор эҳсос менамояд, зеро ҳар инсоне ба касби дустдошташ машғул мешвад он мушкилиҳои дар кораш пеш мояд барояш ночиз менамояд. Ӯ бо шуғли аҳоли ноҳия ҳамкори дошта дар тули фаъолияташ садҳо шогирд тарбия намудааст, ки имрӯз дар деҳаҳои худашон барои худ боз шогирд тарбия намуда ризқу рӯзи хешро аз ҳамин ҳисоб дарёфт менамоянд. Ӯ мегӯяд, ки ба 11 кишварҳои хориҷи сафар намуда чандин ифтихорномаю депломҳои сатҳи балндро сазовар гаштааст.

 Ӯ аз он ифтихор менамояд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кард ва занҳои ҳунарманд аз иқдоми наҷиби Пешвои муаззамамон илҳоми тоза гирфта барои эҳё намудани ҳунарҳои ниёгонамон саҳми худро мегузоранд.

 

 

Аҳлиддини Муборакшоҳ

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.