Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон яке аз сарзаминҳои зебову дилрабои Тоҷикистони маҳбубамон маҳсуб меёбад. Ин минтақи бостонӣ дар дарозои таърих бо садҳо олимону шоирон, муҳаққиқон ва шахсиятҳои маъруфи таърихӣ маълуму машҳур мебошанд, ки дар рушду нумӯи кишварамон саҳми бориз гузошта, ба давлату миллати худ хизмати содиқона намудаанд.
Моҳи сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафари корӣ намуда, бо мардуми сарбаланди он аз наздик мулоқот намуданд. Дар ҳақиқат дар давоми 27 соли даврони Истиқлолият ВМКБ дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардидааст.
Дар рафти сафари кории Сарвари давлат зиёда аз 20 иншооту биноҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва маъмурӣ ба истифода дода шуданд, ки аз боз ҳам ободу зебо гардидан ва рушди корҳои созандагию ободонӣ дарак медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 сентябри соли 2018 дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ оид ба баъзе камбудиву норасоиҳое, ки дар ин минтақаи кишварамон ҷой доштанд, изҳори нигаронӣ намуданд. Аз ҷумла, камбудиву қонуншиканиҳоро дар самтҳои содиршавии ҷиноятҳо, соҳиб шудан ба силоҳи оташфишон, қаллобӣ, худсарона ишғол намудани қитъаи замин, убури ғайриқонунӣ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусодираи маводи мухаддир, нашъамандӣ, паҳншавии бемории вируси норасоии масунияти одам, ҷиноятҳои хусусиятҳои террористию экстремистӣ дошта, таҳсили ғайриқонунӣ дар муассисаҳои ба ном таълими динии хориҷи кишвар, майзадагӣ, саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва ғайраҳо бо мисолҳои мушаххас таҳлилу баррасӣ намуда, аз мақомотҳои дахлдор қотеъона талаб намуданд, ки чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шаванд.
Тибқи маълумотҳо ва таҳлилҳо дар панҷ соли охир бо истифодаи силоҳ беш аз 100 ҷинояти вазнин содир гардида, дар ҳамин давра 3 тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст.
Аз соли 1991 то нимаи авали соли 2018 дар вилоят 619 нафар гирифтори бемории вируси норасоии масунияти одам гардидаанд.
Соли 2018 49 нафар сокинони вилоят ҷиноятҳои хусусияти эктремистию террористӣ содир намудаанд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирӣ ва гирифтани пеши роҳи ин ҷинояткориҳои Ситоди байниидоравии мақомотҳои таъмини амният таъсис дода шуда, ба фаъолият шуруъ намуд.
Дар изҳороти Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон омадааст, ки дар ҳамкориҳо бо мақомотҳои дахлдор дар самти ислоҳи қамбудиҳои таъкидгардидаи Сарвари давлат натиҷаҳои назаррас ба даст оварда, 201 адад силоҳи оташфишон мусодира карда шуд, 14 нафар ҷинояткорони дар кофтуковқарордошта ҳозир шуданд, нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар беш аз 120 % иҷро гардид, зиёда аз 2387 намуди қоидавайронкуниҳо ошкор шуда, аз 469 нафар қоидавайронкуниҳои ҳаракати роҳ ҷарима ситонида шуда, 210 автомашинаи сиёҳшиша ихтиёран тоза карда шуданд.
Мутаассифона, гуруҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо аъмолҳои ҷинояткорона вазъиятро мураккаб намуда, амнияти шаҳрвандони осоиштаро ноором кардан мехоҳанд. Дар ин самт дар изҳороти навбатии Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон омадааст, ки тибқи моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба мақомотҳои мазкур ҳуқуқ ва ваколат дода шудааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои вобаста ба огоҳонӣ ва пешгирии ҷиноятҳо шахсони воқеиро барои роҳ надодан ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ расман огоҳ кунанд.
Бо ин мақсад 22 октябри соли равон мутобиқи қонунгузории ҷорӣ саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва Рӯшону Роштқалъа ба Прокуратураи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон даъват гардида, дар алоҳидагӣ нисбати онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуда, ин шахсон ба протоколи огоҳии расмӣ шахсан имзо гузоштанд. Бояд қайд намуд, ки ҳар яки саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ уҳдадор шуданд, ки дар ҳолати риоя накардани талаботи огоҳии расмӣ дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт.
Хушбахтона, имрӯзҳо дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон камбудиву норасоиҳои аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ошкоршуда бартараф шуда истодаанд. Ҳар яки мо ба нерӯи қавӣ ва азму иродаи солими бадахшониён бовариву эътимоди комил дорем, ки дар муддати кӯтоҳ ба қонуншиканиҳо хотима дода мешаванд ва амнияту осудагӣ таъмин мегардад.
Мо мардуми шарифи Тоҷикистон бори дигар воқеаҳои даҳшатбори соли 1992-ро ба хотир оварда, нагузорем, ки боз ба хатогиву нофаҳмиҳо роҳ дода, гирифтори мусибатҳои азиму бадбахтиҳо гардем.
Махсусан, ҷавонон ба ин воқеаҳои рӯйдода бетараф набошанд, зеро дар ин амалҳои зишт бештар ҷавонон даст доранд. Сарвари давлат дар ҳар баромаду мулоқотҳояшон ба ҷавонон диққати ҷиддӣ медиҳанд. Онҳоро ба ватандӯстиву хештаншиносӣ, меҳнатдӯстӣ, илмомӯзӣ ва корҳои созанданию бунёдкорӣ даъват менамоянд.
Дар ҳамин мулоқоташон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъкид доштанд, ки «Ҷавонони имрӯза бояд аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик сабақи мардонагӣ гирифта, ба Ватани худ – Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат намоянд».
Ҳоло ҳам ҳолатҳои дар дасти мардум будани силоҳи оташфишон, ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, қоидавайронкуниҳои воситаҳои нақлиёт, мастӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва дигар қонуншиканиҳо ба мушоҳида мерасанд, ки ба оромиву осудагии зиндагии мардум халал мерасонанд.
Аз падару модарон, калонсолон, шахсони рӯзгордида, фаъолон, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хоҳиш дорем, ки якҷоя пеши роҳи ин раванди номатлуб, нанговару фоҷиаборро бигирем ва барои пешгирии ин зуҳурот қотеъона ва дастаҷамъона мубориза бурда, сади роҳи қонуншиканиҳо гардем.
Мо аминем, ки мардуми Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо ҳисси баланди ватандӯстию ватандорӣ барои рушду нумӯи сарзамини худ ва Ватани маҳбубамон Тоҷикистон саҳми худро мегузоранд.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён
Сатторова М. А