Конференсияи бошукӯҳ бахшида ба 24-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи маорифи ноҳияи

   Ба ифтихори 24-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябри  соли  2018  дар шуъбаи  маориф зери унвони «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро мудири  шуъбаи  маориф  Кибирё  Нурмаҳмадзода  кушода,  суханро  ба  ёрдамчии  калони  Прокуратураи  ноҳия  Амирзода  доданд.  Прокурор  Амирзода дар хусуси моҳият ва аҳамиятнокии Конститутсия суханронӣ намуд.

Мавсуф, аз ҷумла, таъкид дошт, Қонуни асосии мо дар радифи беҳтарин Конститутсияҳо қарор дорад ва ҳангоми таҳия ва қабули он шахсиятҳои маъруфе корҳои шоистаро анҷом додаанд. Конститутсия танзимгари бевоситаи муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, сарчашмаи асосии қабули санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқӣ мешавад. Конститутсия ҳуҷҷатест, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  6-уми октябри соли 1994  ба  тариқи  раъйпурсии умумихалқӣ, ки бештар аз 87 фоизи мардум аз он ҷонибдорӣ намуданд, қабул гардидааст.
Дар идомаи сухан мудири  шуъбаи  маориф аз кормандон, кормандони  ҷавон, даъват ба амал овард, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва фаъолияти хешро дар чаҳорчӯбаи қавонини ҷории мамлакат ба роҳ монанд.
Сипас, мушовири  фанни  таърих  ва  ҳуқуқ  Абдуллоева  Муҳаббат дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар устувор намудани падидаҳои ҳуқуқӣ ва давлатдории тоҷикон»,  намояндаи  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  ноҳия Собирова  Бибигул  ва  раиси  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Кӯшониён  Сатторова  Мунаввара  дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд» маърӯзаҳои пурмуҳтаво қироат намуданд. Дар баромади онҳо зикр гардид, ки Конститутсияи Тоҷикистон номгӯи ҳуқуқу озодиҳои инсонро васеъ гардонда, татбиқи онҳоро кафолат додааст. Дар Конститутсияи амалкунандаи мо боби дуюм ҷои муҳимро ишғол мекунад, зеро он ҳолати ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандро ба танзим медарорад. Пеш аз ҳама, ин боб усул ва кафолати ҳуқуқу озодӣ, вазифаҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар менамояд.
Бо ҳамин қисми ифтитоҳӣ анҷом пазируфт ва конференсия кори худро дар шуъбаи  маориф идома дод, ки дар маҷмӯъ 7 маърӯза мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Шуъбаи  маорифи  ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.