Конститутсия санади таърихии аҳли кишвари мост

“Қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар таърихӣ давлатдории мо саҳифаи наверо оғоз намуда, асосу пойдевори давлатӣ соҳибистиқлоли Тоҷикистон гардид минбаъд такмилӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо имкони фароҳам овард, ки дар кишвар парламенти касбии дупалатагӣ таъсис дода шавад инчунин инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон шуда, райпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олӣ, ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф гардид”.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 

         Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки  Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо Конститутсияи навро қабул ва худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон кард ва дар моддаи аввал зикр намуд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Афзалтар аз ҳама, мафҳуми дунявӣ будан барои таҳкими робитаҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди минбаъдаи ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роҳӣ васеъ кушод.

Соли 1991 дар таърихӣ давлатдории мардумӣ тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нав ба вуқӯъ пайваст. Тоҷикистон давлатӣ мустақил эълон гардид ва дар назди мо  иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулият таърихӣ бунёди давлатӣ ҷавобгӯ  манфиатҳои халқу кишвар ва эҷодӣ арконӣ давлатдорӣ муосир пеш омад. Ҳамаи ин дигаргуниҳо дар ҳаётӣ кишвар бавуҷуд омада зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқӣ тағйироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи Тоҷиконро ба миён оварад.

        Вале аз нахустин қадамҳои истиқлолият доираҳои муайян бадхоҳон бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи хеш бо роҳӣ барангехтани низоъҳо дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ тавонистанд милллати сарбаланди моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ  кашида, сипас, давлатӣ ҷавонӣ Тоҷикистонро дучори ҷангӣ таҳмили шаҳрвандӣ гардониданд. Ва бо ҳамин сабабҳо таҳияи лоиҳаи навӣ Конститутсия ба таъхир гузошта шуд. Ҳамин тариқ, 6 ноябри соли 1994 дар райпурсии   умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва ин санади таърихӣ дар дигаргунсозии муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муайянкунанда дошта, асосҳои сохти ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкилӣ ҳудудии давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян намуд. Дар қонунӣ асосӣ аввал мавод ва ҳуқуқҳои фитрӣ ва табии инсон, аз ҷумла, ҳуқуқ ва ҳаёт, саломатӣ, қадр, номус, амният, озодӣ ва дигар  ҳуқуқҳои он ба таври возеҳ муқаррар гардиданд, ки ин хусусияти Конститутсияи моро дар радифи қонунҳои асосӣ кишварҳои пешрафта қарор медиҳад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мегӯяд “Конститутсия  санадӣ воқеан таърихиву муқаддасӣ ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад”. Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи Тоҷикистон барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдорӣ навини тоҷикон омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа нақши намоён бозида истодааст.

          Ҳар қадар солҳо моро аз давраи қабули ин ҳуҷҷатӣ сарнавиштсоз дур  барад ҳам, ҳамон қадар аҳамияту зарурати мавҷудияти он дар таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, пешрафти соҳаҳои мухталифӣ сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии  кишвар ва тавсеаи нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мазмуну моҳияти муҳимтарро касб намуда  истодааст.

 

Раиси суди  ноҳияи Кӯшониён

Сайраҳмон Давлатзода

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.