Дар деҳаи Механизатор 1 ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа чорабинии ҳизбӣ бо сокинони қишрҳои гуногуни xомеа доир гашт. Дар чорабинӣ табибони Ҳиндустонӣ, ки дар госпитали ҳарбии умумиҷумҳуриявӣ, дар қисми низомии 07017 - и миқёси ҳамин деҳа кору фаъолият доранд, иштирок намуданд. Меҳмонони хориҷӣ дар рафти чорабинӣ бо урфу одат, ҳунарҳои қадимаи тоҷик, кадбонугӣ, ҳунармандӣ ва меҳмоннавозии хоссаи мардуми тоҷик ва дорандаи таърихи бою ғанӣ дар баробари доштани Ватани биҳиштосо шиносоӣ пайдо карда, аз пазироии гарму самимӣ бо сокинони деҳа хело хушҳол шуданд.
Сокинони деҳаи Механизатор 1 – и ҷамоати шаҳраки Бeстонқалъа дар чорабинии ҳизбӣ фаъолона иштирок намуда, маҳсули дастранxи худ аз анвои пухтупази нонӣ, хeрокҳои миллӣ, сабзавоту меваxот, қуроқдузӣ ва бофтаниҳоро ба маърази тамошо гузоштанд.
ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён