РИОЯИ ҚОНУН - ОМИЛҲОИ ПЕШРАФТ

   Ваҳдати миллӣ ва сулҳи сартосарй баҳтарин дастоварди халқҳои Тоҷикистон, дар солҳи соҳибистиқлолӣ аст. Асоси ғояи миллй, андешаи миллиро ваҳдату ягонаӣ ташкил медиҳад. Ба шарофати сулҳу оромй, ҳамдилӣ ва ягонагй рушди устувори ҷомеа таъмин гардид. Маҳз ҳаракти ваҳдати миллй ва эҳёи Тоҷикистон дар масъалаи баробар тараққй кардани минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон нақши муҳим бозид.

   Аз ин росто ба ВМКБ назар кунем, равшан ҳувайдо мешавад, ки дар замони истиқлолият маблағгузории хоҷагии халқи Бадахшон даҳҳо маротиба афзуда: ин вилояти мухтор ободу зеботар гаштааст. Мардуми заҳматкаши Бадахшон аз ин ғамхории Роҳбарияти Олии кишвар, Ҳукумати Тоҷикистон беҳад миннатдоранд.

   Аммо таасуфангез он аст, ки дар шаҳри Хоруг гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ҳамаи ин дастовардҳоро пушти по зада, солҳо боз тартибу низоми шаҳри Хоруғ ва ин минтақаро халалдор мекунанд. Ба фаъолияти бонизоми сохторҳои давлатй, амниятй, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ монеа эҷод мекунанд. Дар ин замина ҷинояткорй афзуда, гардиши гайриқонунии маводи мухддир ба амал меояд. Шахсони бояроқи оташфишон мусаллаҳ вазъи шаҳри Хоругро ноором карда ба кори муназзами наклиёт ва назорати иҷрои қонун дахолат мекарданд. Ин бесарусомонй хараҷу мараҷ, боиси ноосудагии мардум гашта ба ноустувории вазъият оварда расонд. Теъдоди нашъамандон, гирифторони бемории ВНМО афзоиш ёфта, унсурҳои ҷиноятпеша озодона ба фаъолияти зидди қонунии худ машгул буданд.

   Рӯзи 15 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат бо мисолҳои мушаххас нишон доданд, ки дар зарфи зиёда аз 20 соли охир тамоми шароитҳо барои бадахшониён муҳайё карда шудааст. Ҷавоб ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамалакат оё ҳамин аст?

   Сипас роҳбари давлат дар рафти суханрониашон (маҷлиси фаъолони ВМКБ) ба мақомоти қудратй супориш доданд, ки вазъи шаҳри Хоругро ба эътидол оранд.

   Имрӯз вақте иттилоот дар бораи мусодира кардани яроқи оташфишон, ба созишнома имзо гузоштанд, саркардаҳои гуруҳҳо дастрас гардид, ба хулосае омадем, ки дар Бадахшон қувваҳои солим ҳастанд ва иҷрои конун таъмин хоҳад шуд. Риояи қонун омили асосии пешрафт аст.

   Вале он ашхоси ҷиноятпешае, ки бенизомиро мехоҳанд, хато мекунанд. Халқҳои Тоҷикистон ин амалҳои онҳоро маҳкум мекунанд. Намегузоранд, ки ваҳдату оромй ва осудагии мардуми кишвар вайрон карда шавад.

   Бовари дорем, ки вазъ дар ин гушаи зебои диёр муътадил гардида мардуми заҳматкаши ВМКБ чун пегштара дар атрофии Пешвои миллат муттаҳид мешаванд. Баҳри оромию осудагй талош мекунанд, ва дар давраи ҳассоси таърихй кишварамон аз ақлу хирад кор мегиранд.

 

«Кӯшониён»

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.