Рӯзи 6 ноябри соли равон дар толори Кохи фарҳанги ноҳия маҷлиси тантанавӣ бахши бахшида ба 24-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Инчунин дар ин рӯз кормандони ШВКД-и ноҳия, ки иди касбиашон ҳаст дар чорабинӣ итирок намуданд. Сараввал раиси ноҳия тамоми иштирокчиёни чорабиниро бо бо ин рӯзи таърихи табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки Конститутсияи давлатамон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондустӣ сарчашма мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаёти, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври кушод инъикос гардидаанд. Дар баробари ин Конститусияи кишвар дар пояи андешаи созанда, арзишҳо, суннату анъанаҳои пурқиммати миллии мо ва бо назардошти тафаккур ва таҷрибаи пешқадами ҷомеаи мутаммадинӣ ҷаҳонӣ таҳия гардидааст, ки онро муттахассисони варзидаю бонуфузи риштаи ҳуқуқии ҷаҳон баҳои баланд ва воқеъбинона додаанд,- афзуд раиси ноҳия. Ҳамзамон О. Бурҳониён сардори ШВКД дар ноҳия зимни суханронии худ, аз таърихи милитсияи тоҷик ёдовар шуда, бахотири шод намудани рӯҳӣ шаҳидонӣ, ки дар солҳои ҷангӣ шаҳрвандӣ ҳангоми адои хизмат ба ватан фавтидаанд лаҳзаи хомушӣ эълон гардид. Сипас кормандони фаъоли ШВКД-и ноҳия бо ифтихономаҳо ва кӯмаки яквақтаина моддӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин дар ин рӯз аз тарафи раиси ноҳия варзишгари ҷавон Сулаймони Ҷамшед, ки дар бозиҳои олимпии наврасон, ки дар шаҳри Буэнос-Айреси давлати Аргентина иштирок намуда, сазовори медали биринҷи гардид бо телевизори ранга қадрдонӣ карда шуд. Дар охири чорабинӣ баҳри болидахотирии иштирокдорон шуъбаи фарҳанги ноҳия гулдастаи ҳунариро пешкаш намуданд.
«Кӯшониён»