Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 сентябри соли 2018 дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ оид ба баъзе камбудиву норасоиҳое, ки дар ин минтақаи кишварамон ҷой доштанд, изҳори нигаронӣ намуданд. Аз ҷумла, камбудиву қонуншиканиҳоро дар самтҳои содиршавии ҷиноятҳо, соҳиб шудан ба силоҳи оташфишон, қаллобӣ, худсарона ишгол намудани қитъаи замин, убури ғайриқонунӣ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусодираи маводи мухаддир, нашъамандӣ, паҳншавии бемории вируси норасоии масунияти одам, ҷиноятҳои хусусиятҳои террористию экстримистӣ дошта, таҳсили гайриқонунӣ дар муассисаҳои ба ном таълими динии хориҷи кишвар, майзадагӣ, саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва ғайраҳо бо мисолҳои мушаххас тахдилу баррасӣ намуда, аз мақомотҳои дахлдор қотеъона талаб намуданд, ки чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шаванд.
Хушбахтона, имрӯзҳо дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон камбудиву норасоиҳои аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ошкоршуда бартараф шуда истодаанд. Х,ар яки мо ба нерӯи қавй ва азму иродаи солими бадахшониён бовариву эътимоди комил дорем, ки дар муддати кӯтоҳ ба қонуншиканиҳо хотима дода мешаванд ва амнияту осудагӣ таъмин мегардад.
Мо мардуми шарифи Тоҷикистон бори дигар воқеаҳои даҳшатбори соли 1992-ро ба хотир оварда, нагузорем, ки боз ба хатогиву нофаҳмиҳо роҳ дода, гирифтори мусибатҳои азиму бадбахтиҳо гардем.
Махсусан, ҷавонон ба ин воқеаҳои рӯйдода бетараф набошанд, зеро дар амалҳои зишт бештар ҷавонон диққати ҷиддӣ медиҳанд. Онҳоро ба ватандӯстиву хештаншиносӣ, меҳнатдӯстӣ илмомӯзӣ ва корҳои созандагию бунёдкорй даъват менамоянд.
Дар ҳамин мулоқоташон дар вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон таъкид доштанд, ки «Ҷавонони имрӯза бояд аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик сабақи мардонагӣ гирифта, ба Ватани худ -Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат намоянд».
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирӣ ва гирифтани пеши роҳи ҷинояткориҳои Ситоди байниидоравии мақомотҳои таъмини амният таъсис дода шуда, ба фаъолият шурӯъ намуд.
Мутаасифона, гуруҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳру ноҳияҳои вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо аъмолҳои ҷинояткорона вазъиятро мураккаб намуда, амнияти шаҳрвандони осоиштаро ноором карда мехоҳанд. Дар инсамт дар изҳороти навбатии Ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон омадааст, ки тибқи моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 11- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба мақомотҳои мазкур ҳуқуқ ва ваколат дода шудааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои вобаста ба огоҳонӣ ва пешгирии ҷиноятҳо шахсони воқеиро барои роҳ надодан ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ расман огоҳ намоянд.
Бо ин мақсад 22 октябри соли равон мутобиқи қонунгузории ҷорӣ саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва рӯшону Роштқалъа ба Прокуратураи вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон даъват гардида, дар алоҳидагй нисбати онҳо огоҳии расмй эълон карда шуда, ин шахсон ба протоколи огоҳии расмй шахсан имзо гузоштанд. Бояд қайд кард, ки ҳар яки саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноятй ӯхдадор шудаанд, ки ҳолати риоя накардани талаботи огоҳии расмӣ дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт.
Аз падару модарон, калонсолон, шахсони рӯзгордида, фаъолон, аъзои Х,изби Халқии Демократии Тоҷикистон хоҳиш дорем, ки якҷоя пеши роҳи ин раванди номатлуб, нанговару фоҷиаборро бигирем ва барои пешгирии ин зуҳурот қотеъона ва дастаҷамъона мубориза бурда, садди роҳи қонуншиканиҳо гардем.
Мо аминем, ки мардуми вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо ҳисси баланди ватандӯстию ватандорй барои рушду нумӯи сарзамини худ ба Ватани маҳбуби Тоҷикистон саҳми худро мегузоранд.
Директори Маркази назорати давлатии санитарию
эпидимеологии ноҳияи Кӯшониён Каримзода А. Ҳ.