Дар рӯзҳои таҷлил аз 27-умин солгардаи Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Точикистон, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дидан намуд. Дар рафти сафари корӣ Ҷаноби Олӣ ба ноҳияҳои Ванчу Дарвоз, шаҳри Хоруғ, ноҳияи Рошткалъа ва ноҳияи дурдасти Мурғоб ташриф овард. Мақсади сафари корӣ ин шиносои бо вазъи зиндагии мардум, рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат, рафти корҳои созаидагиву бунёдкорӣ буданд.
Дар натичди шиносои ва таҳлили корхонаву супоришҳои иҷрошуда маълум гашт, ки дар маркази вилояти Бадахшон ба вазифаҳои масъули роҳбарику- нанда барои пешрафти дурусти корҳо таъиноти кадрӣ ворид намудан лозим аст. Зимни суҳбат бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои сатҳи роҳбарӣ дар Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилоят, суд ва корҳои дохиливу сохторҳои кудратӣ таъин гардиданд супоришҳои мушаххас дода шуда , онҳоро барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаи сатҳи вилоят ҳидоят намуданд.
Дар натиҷаи таҳлилҳо маълум гашт, ки дар вилоят дар давоми солҳои охир шумораи ҷиноятҳо афзун шуда истода, мардумро ба ташвиш оварда истодааст. Маълум гардид, ки фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ ва аҳли чомеа доир ба таъмин намудани қонун ва тартибот кифоя нест. Аз ин сабаб “Ситоди байниидоравии таъминоти амният”дар ҳудуди вилоят таъсис дода шуда, дидбонгоҳҳо бо намояндагони сохторхои кудратӣ фаъол гардиданд. Ин ҳама чорабиниҳо аз лиҳози қонун ва сохтори конститутсионӣ дуруст буда барои амнияти ахолӣ ва фаъолияти мунтазами корхонаву муассисаҳо ва ташкилот- ҳои давлатӣ равон гардидаанд.Дар давоми фаъолити “Ситод” ороми ҳукмрон гардида, пиру ҷавон ва донишҷуву коргар ба Ҷаноби Олӣ ва кормандони сохторҳои кудратӣ аҳсан хонда истодаанд.
Мардуми бошарафи ВМКБ омодаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва тинҷиву осоиштагӣ дар кишвар, сулҳу суботи доимӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд.
Имрӯз, ки дар вилоят тартибот чорист, тамбашавии мошинҳо дида намешавад, мошинҳои сиёҳшишаи бе иҷозатнома боздошт шуда тибқн қонун соҳибонашон ба ҷавобгарӣ кашида шуда истодаанд, тартиботи ҷамъияти ҳукмрон, волоияти қонун дар вилоят дида мешавад, ёфт мешаванд иғвогароне, ки мардумро гумроҳ намуда ба корҳои ғайр мекашанд. Ва ин гуна шахсиятҳо новобаста аз пулу мол, мансабу кор ва нуфузашон дар ҷомеа дар назди қонун ҷавоб медиҳанд.
Вакили Маҷлиси вакилони халҳи ноҳияи Кӯшониён:
Бобоев С