Сулҳ баҳорест, баҳор оварад!

   Ба ҳамагон маълум аст, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагӣ ба мардуми шарафманди тоҷик имконият дод то ҷумхурии тозаистиқлоламон дар як муддати кутоҳи таърихӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардад. Ин ҳақиқатро хар як шаҳрвади комилу огоҳ ва бедордили мамлакат аз ҳама беҳтару хубтap мефаҳманд, дарк мекунанд. Да ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш ва сулҳ дар мулоқот бо устодону донишҷуёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистои ба номи Абуалӣ ибии Сино чунин таъкид намудааид: “Сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, хусусан, барои мардуми шарифи тоҷик мафҳуми бисёр азиз буда, сокинони кишвари мо ба қадру манзалати ии неъмати ҳаётбахш бештар мерасад. Зеро халки Тоҷикистои бар асари даргириҳои сиёсии солҳои  90-уми асри гузашта ва ҷанги таҳмилии шахрваидӣ ба зарбаи ҷоикоҳе гирифтор шуд, ки даҳшати онро ягон фарди солимфикри ҷомеаи мо ҳаргиз фаромуш намекуиад”.

   Ҳоло мехоҳам фикру андешаҳоямро ҳамчуи як омӯзгор, модар ва шаҳрванд, ки фазои орому осудаи Ватан бароям азиз аст, нисбат ба воқеаҳои охири Бадахшои баён иамоям.

   Вакте ки мо Бадахшои мегуем, пеши иазар куҳҳои сарбаланд, чашмаҳои софу дарёҷаҳои хурушон, мардуми баору номус ва заҳматкаш пеши назар меояд. Оре, Бадахшон зодгоҳи абармардоии бузурги миллати тоҷик - Қаҳрамони Тоҷикистои Шириншоҳ Шоҳтемур, аввалин генерали тоҷик М. Тошмуҳаммадов, Шоирони халқии Тоҷикистои Мирсаид Миршакар, Муъмии Қаноат ва бисёр дигарон мебошад. Ҳар кадоме онҳо дар рушду нумуи Ватани азизамон ҳиссаи арзаидаи худро ҳамрох намудаанд.

   Баробари ин вақте аз воситаҳои ахбори умум мехонему мешунавем, ки аз саркардаҳои гуруҳҳои муташаккили ҷиноии шаҳри Хоруғ ба миқдори хеле калон лавозимоти чаигӣ ва моддаҳои тарканда мусодира кардаанд, кас дар ҳайрат мемонад.

   Шайх Саъдии Шерозӣ да як ки қитъааш одамонро таъкид месозад, ки дусту бародари якдигар бошанд ва ба ғаму шодии ҳамдигар бетарафӣ зоҳир накунанд.

 

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариннш зи як пайкаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвхоро намонад қарор.

 

   Оре, воқеаҳои охири шаҳри Xopyғ мо, омӯзгоронро сахт ба ташвиш овард. Дар ҷамъомади омӯзгорони муассисаамон, ки ба ҳамин мавзӯъ бахшида шуда буд, таъкид гардид, ки волоияти қонун бояд дар ҳама ҷо ҳукмрон бошад. Набояд ҷовонони ноогоҳу зудбовар бозиҷаи дасти чанд афроди ҷиноятпешаву манфиатхоҳ гарданд.

   Умед аст, ки мо ҳама, аҳли ҷомеа-зиёиён, падару модарон ва ҳар як фарди бедордил дар тарбияи худшиносию ватандустии ҷавонон саҳм мегузорем. То ин ки онҳо имрӯзу фардо анъанаҳои бехтарини падарони шуҳратманди худро содиқона давом диҳанд ва ворисони сазовори Ватани азизамон-Тоҷикистон бошанд.

 

Вакили Маҷлиси вакилони халҳи ноҳияи Кӯшониён:

Хатича Сайдалиева

Миёна: 4.8 (8 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.