Оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, дастгир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, мусодираи силоҳу аслиҳа, лавозимоти ҷангии гайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои марбут ба гардиши гайриқонунии маводи мухаддир аз тарафи аҳли кормандони Маркази Стоматологияи ноҳияи Кӯшониён
Тавре иттилоъ дорем, ки Асосгузори сулҳу, ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалй Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Мухтори Кӯҳистони Тоҷикистон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, дастгир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, мусодираи силоҳу аслиҳа, лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир як қатор супоришҳои қатъӣ дода буданд.
Бо ин мақсад дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ситоди байниидоравии мақомотҳои таъмини амният ба кор шуруъ карда, то 16 октябри соли равон саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва сокинони алоҳидаи дигар ноҳияҳои вилоят 186 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 72 адад «Автомати Калашников», 3 адад пулемёт, 2 адад гранатомёт, 1 адад комплекси зенитӣ, 37 адад таппонча, 11 адад Карабин, 47 адад намуди дигари силоҳ, 36 адад норинҷак, зиёда аз 4700 адад лавозимоти ҷангӣ ва 900 грамм маводҳои тарканда, 25 кг воситаҳои нашъадор, аз ҷумла 10 кг маводи мухаддири навъи героин, 13 кг гашиш ва 2 кг афюн мусодира карда шуд.
Кормандони маркази стоматология баъд аз дар васоити ахбори омма паҳн шудани ахборот оид ба пуштибонӣ намудани гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ аз тарафи як қатор расонаҳои иҷтимоӣ «Ахбор-РУ» дар маҷлиси кормандони марказ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Мо - кормандони Маркази Стоматологияи ноҳияи Кӯшониён тарафдори сулҳу субот ва дар осоиштагӣ зистани сокинони шарафманди Бадахшон мебошем.
Хоҳиши онро дорем, ки ҳарчи зудтар лавозимоти ҷангӣ яроқу аслиҳа аз дасти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, қочокбарони маводи мухаддир ва шахсони алоҳида гирифта шавад.
Мо умед дорем, ки шахсони яроқбадаст бо хоҳиши худ яроқу аслиҳаи дар дасташон бударо ихтиёрӣ оварда ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ месупоранд ва бо дастгирии сокинони шаҳру навоҳӣ, мардуми заҳматкаш, сулҳхоҳу бонангу номус, созандаву бунёдкор ва ободгари вилояти Бадахшон, дастаҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, қочокбарони маводи мухаддир дастгир кардашуда, дар доираи қонунҳои мавҷуда ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Кормандони Маркази Стоматологияи ноҳияи Кӯшониён