Рушди устувори бахшу соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Ватани маҳбубамон тавассути корҳои содиқонаи ҳамешагии фарзандони шарафмандаш ва таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардида, давра ба давра бо назардошти рушди ҷаҳони муосир такмил ва тараққӣ дорад. Тоҷикистон ҳамчун давлати навин дар асри 20 ум барои мустаҳкам кардани пояҳои истиқлолият ва ташаккули рукнҳои далатдорӣ ҳадафҳои стратегии худро амалан пиёда месозад ва барои расидани мардумонаш ба зиндагии шоиставу арзанда аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода менамояд.
Сафари кории навбатии Роҳбари давлатамонро ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тавассути шабакаҳои телевизионӣ тамошо кардам. Мушоҳида мегардад, ки мардумони сарбаланди ин гӯшаи ватанамон, ки ҳаёти хуби маишӣ доранд, паи пешбурди хоҷагии халқ талош варзида, зиндагонӣ менамоянд.
Новобаста аз таъмини сулҳу оромии ин минтақаи баландкӯҳи кишвар гуруҳҳои мутташакили ҷиноятие фаъолият доштаанд, ки бар хилофи талаботҳои қонуну санадҳои ҳуқуқии амалкунанда бесалоҳиятӣ, бенизомӣ ва бетартибӣ дар ҷойҳои ҷамъиятиро ҳадафи асосии хеш қарор дода, рӯзгори осоиштаи мардумро халалдор менамоянд. Бо дастури Пешвои миллатамон барои бартараф кардани ин мушкилоти мардум ситоди байниидоравии амниятӣ дар вилояти мазкур таъсис дода шуда, оромиву осудагии мардум таъмин карда шуд. Намояндагони гурӯҳҳои ҷиноятӣ, ки бешак шаҳрвандони Тоҷикистони маҳбубамон мебошанд, аз обу хок ва сулҳу ваҳдати сартосарии сарзамини аҷдодияшон ношукрӣ карда, бегонавор бар хилофи низоми муайяни сохти конститутсионӣ ҳаракат мекардаанд. Амали нохубу шарр ҳеҷ вақт ба мақсад нарасидааст.
Дасти тавонои мардуми хайрхоҳу сулҳпарвар бо роҳнамоии Роҳбари давлат, Пешвои муаззамаш наметавонад бори дигар ба хатое роҳ бидиҳад ва амнияти давлати навбунёдашро бо айби ду се нафар зери хатар бубарад. Мо сулҳу амониро чун гаҳвараки чашм ҳифз менамоем ва дар раҳи ҳифзи марзу бум ҷони худро дареғ намедорем.
Муовини раиси ноҳияи Кӯшониён
Дилафрӯз Шукруллозода