Президенти мо – Ифтихори мо!

   Рӯзи Президент санаи навест, дар таквими ҷашну маросимҳои расмии Тоҷикистон ва соли сеюм аст, ки он  таҷлил мегардад. Ин рӯзро  бо итминон рӯзи сидқу вафо ба миллату давлат номидан мумкин аст. Рӯзи Президент бо пешниҳоди парлумони кишвар, ба хотири  арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги Президенти кишварамон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидааст.

     Тавре таърихи навини Тоҷикистон гувоҳ аст, 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16 уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахри Хучанд доир гардид ва дар ҷараёни кори он мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1994 Президенти кишварамон интихоб гардиданд.

     Тӯли Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба марҳилаҳои пурпечутоби таърихӣ дучор  ва  ба санҷишҳои зиёд рӯ ба рӯ гардидааст. Тоҷикистон аз як кишваре, ки қариб нобуд ва иқтисодиёташ дар вартаи марговар дучор гардида буд,имрӯз ба як кишвари аз лиҳози иқтисодӣ рущёбанда табдил ёфтааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаҳои гуногуни мамлакатамон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Зиёда аз 2500 адад корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, маданиву маишӣ, фарҳангиву фароғатӣ, бунёди биноҳои пурарзиши матабҳои олӣ, муассисаҳои томактабӣ бо таъсиси беш аз 90 ҳазор ҷойҳои корӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Сулҳу осоиштагӣ тавонист рушди босуботи ҳамаи бахшу соҳаҳои кишварро таъмин намояд ва ин бо шарофати пойдории Истиқлолияти давлатӣ ба даст омадааст.

Албатта, ташаббусҳои Президенти мамлакат дар таҳкими пояҳои Истиқлолият ва эҳёи давлати навини тоҷикон хеле бузург аст ва ин ташаббусҳо барои сарнавишти миллату давлати мо аҳамияти муҳиму аввалиндараҷа  доранд.

  1. Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот доданд, давлатдории миллии  тоҷиконро аз нав эҳё намуданд. Мухтарам Эмомалӣ Рамон  дар вазъияте роҳбари давлат интихоб гардиданд, Тоҷикистонро ҷанги ҳамватанӣ фаро гирифта буд, ва хавфи аз байн рафтани давлат ба миён омада буд. Дар он лаҳзаҳо максади асосии Роҳбари давлат пеш аз ҳама хомуш кардни оташи ҷанг, наҷот додани давлат аз парокандагию бадбахтӣ буд. Дар  ҳаққиқат Сарвари давлат вазифаи таърихии хешро иҷро намуд.
  2. Талошҳои Сарвари давлат баҳри нигоҳ доштани тамомияти ҳудудии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягонаи мустаъқил мебшад. Дар солҳои аввали Истиқлолият баъзе аз неруҳои дохилӣ ва хориҷӣ ва сиёсатмадорони мансабталоши дохилӣ накшаи тақсим намудани кишварро ва аз он ҷудо кардани баъзе аз ноҳияҳо ва вилоятҳоро доштанд. Хушбахтона, бо шарофати иродаи қавӣ ва муносибати ҷиддӣ Роҳбари давлат тамомияти арзиву ҳудудии Тоҷикистонро таъмин гардид.
  3. Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, дар муддати кӯтоҳ системаи мукаммал ва муосири давлатдориро барқарор намоянд, рукнҳои давлатдорӣ ва ниҳодҳои асосии давлатдориро эҳё намуданд. Маълум аст, ки дар даврае, ки Тоҷикистон нав соҳибистиқлол гардида буд, мақомот ва дигар ниҳодҳои давлатӣ фалаҷ гардида, кори бонизоми худро аз даст дода буданд. Агар ин вазъият идома меёфт хатари аз харитаи ҷуғрофии ҷаҳон  нест шудани Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҳдид мекард. Хушбахтона, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муҳлати кӯтоҳтарини вакт тавонистанд, ки органҳои конститутсионии давлатдорӣ ва ниҳодҳои фалаҷшудаи давлатро аз нав барқарор намоянд.
  4. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат халқи оҷик тавонист оташи ҷангро хомӯш намояд ва ба Ваҳдати миллӣ расад. Ғояи сулҳ, оштии миллӣ, авфу ҳамдигарбахшӣ аз муҳимтарин паёмҳои Роҳбари давлат буданд, ки аз рӯзи аввали интихоб ёфтанашон ба миён гузошта буданд, ва ин паём минбаъд низ ҷавҳари асосии тамоми барномаи  фаъолияташонро ташкил мекард. Мо имруз ифтихор аз он менамоем, ки таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ҳалли низоъ эътироф карда, мавриди омӯзиш қарор додаанд.
  5.  Дар вазъияти бисёр ҳассоси сиёсӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро ҳамчун шахсияти дорои хусусиятҳои баланди роҳбарӣ нишон дода, ҳамчун Пешво шинохта шуданд. Ин ҳам бахти халқи Тоҷикистон дар вазъияти мураккаби сиёсӣ буд. Бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон соҳиби Пешвои миллӣ гардид ва таърихи давлатдории мо мазмуни нав гирифт.
  6. Бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошад. Ин идеяи меҳварӣ аз рӯзи аввали интихобшуданашон роҳи ояндаи мамлакат таъкид шуд. Дар ин давра ба давлати мо муяссар гардид,ки як силсила усулҳои низоми демократӣ, аз ҷумла асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, мохияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, мукаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, фаъолияти парлумони касбӣ, дахлнопазирии моликияти шахсӣ, таъмини адолати судӣ, баробарҳуқуқӣ, озодии виҷдон дар матни Конститутсияи кишвар асоси устувори қонунӣ бахшад.
  7. Дар давраи Истиқлолият ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки ҷанбаҳои ҳаётии Ваҳдати миллиро ба вуҷуд орад. Бунёди роҳхои автомобилгард, нақбҳо, хатҳои интиқол барқ, ва дигар корҳои бузург ба сомон расонида шданд. Роҳи оҳи Кӯрғонтеппа-Кӯлоб, роҳи мошингарди Кулоб-Хоруғ-Қулма-Қароқум, нақбҳои Шаҳристон, Истиқлол, Шаршар, Чормағзак, хатти баландшиддати 500 КВт, интиқоли барқи Ҷануб-Шимол ва ғайра сохта шуданд.
  8. Тули солҳои истиқлолият ба Пешвои миллат,мухтарам  Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, соҳаҳои асосии хоҷагии халқро аз нав эҳё намояд ва ҷомеаи Тоҷикистонро аз буҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ берун оваранд.
  9. Бо талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ба худшиносии миллӣ расид ва тайи ин солҳо Пешвои миллат дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, ташаккули худшиносии миллӣ ва рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузоштанд. Бо максади эҳё намудани хотираи таърихи миллат бо супориши бевоситаи Роҳбари давлат як силсила абармардони таъриху фарҳанги миллат Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Хаким Фтрдавсӣ, Мавлони Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ арҷгузорӣ шуда, ҷашнҳои бошукуҳи бузургдошти онҳо дар сатҳи байнлмилалӣ доир карда шуданд.
  10. Маҳз кӯшишҳои Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустаъқил ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмиллалӣ пайдо кунад.

Дар ҳақиқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Каҳрамони Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таъриҳии худро дар назди Ватан, миллат ва таърих ба чо оварданд. Мо имрӯз метавонем, бо сарбаландӣ, бо ифтихор бигуем, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат ҳамчун давлати ягонаи мустаъқил барпо шуд. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ қувваи сиёсӣ, аз ҷумла гуруҳҳои низоъангез ки дастовардҳои Тоҷикистонро мудом нодида мегиранд, ҳукук надоранд мавҷудияти Тоҷикистон, пойдории Истиклолияти Тоҷикистон ва ягонагии Тоҷикистонро инкор намоянд. Зеро мо ба ин роҳ намедиҳем!

                                        

 

Д. Шукруллозода

Муовини раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 4.3 (7 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.