Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҷавонон ва варзишгарон пайравони асили Пешвои миллат»

   Бо мақсади дар сатҳи баландӣ сиёсию маънавӣ ҷашн гирифтани «Рӯзи Президент» рӯзи 13 ноябри соли равон, дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №14-и  Ҷамоати деҳоти Заргар бо иштироки наврасону ҷавонони ҳудуди Ҷамоат Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҷавонон ва варзишгарон пайравони асили Пешвои миллат» баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзишӣ ноҳияи Кӯшониён, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён, котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён иштирок намуданд.  

   Аз тарафи наврасону ҷавонон бахшида ба Пешвои миллат шеър ва суханронӣ ироа гардид, ки аз тарафи меҳмонон ва ҳозирин бо хушнуди пазируфта шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ ба ҷавонони болаёқат ва фаъоли Ҷамоати деҳоти Заргар сипосномаҳои Бахши ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён супорида шуд.

 

Рӯзномаи Кӯшониён

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.