Даврони истиқлолият имкони воқеӣ фароҳам овард, ки азму талоши фидокоронаи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ пайваста таҳким бахшида шавад. Раванди бонизоми пешварфти иқтисодиёт ва инкишофи қариб ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ аз истиқлолияти энергетикӣ вобастагӣ дорад.
Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои тадбиқкунандаи “Иқтисодиёти сабз” ба шумор рафта 98 фоизи барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мешаванд ва ин имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои зиёде дар ин самт тадбиқ карда шаванд.
Солҳои охир дар ҷаҳон масъалаҳои иқтисоди сабз дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон қарор дорад ва Тоҷикистон бо бунёди неругоҳи барқи обии Нораку Сангтуда – 1, Сангтуда – 2, Роғун ва иншооти “ С A S A-1000” эътибори хоса пайдо намуд. Дар айни замон Тоҷикистон дар Истеҳсоли “Энергияи сабз” яъне неруи барқи тоза ба қатори шаш мамлакати пешрафтаи ҷаҳон дохил гардид, ки ин боиси ифтихор аст.
Бояд қайд намуд, ки яке аз тарафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Барои расидан ба он қадамҳои устувор гузашта шуданд ва намунаи олии онро дар бунёди иншооти бузурги аср неругоҳи барқи Роғун мебинем.
Сохтмони ин иншоот дар даврони шуравӣ дар саргаҳи рeди саркаши Вахш тарҳрезӣ гардида, бо сабабҳои гуногун хеле тӯл кашид. Монеаву мушкилотҳои зиёде пайдо гардида чанд сол пеш роҳи сохтумони неругоҳи барқи обии Роғунро мегирифтанд.
Хушбахтон, ба бахти мардуми мо Бонки умумиҷаҳонӣ холисона дурусту безарар будани неругоҳи НБО – и Роғунро собит намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демокраии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сароғози фаъолияташон пайи амалӣ намудани корҳои созандагиву бунёдкорона ҳастанд ва таввасути он Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Таваҷҷуҳи беназири Сарвари давлат дар баробари самтҳои гуногун ба соҳаи энергетика хеле зиёд аст, зеро дар давоми 27 соли Истиқлолият халқи тоҷик аз истифодаи қувваи барқ мушкилот дошт.
Дар даврони душвори буҳрони иқтисодии ҷаҳонb даст задани Пешвои миллат ба сохтмони Роғун кори чандон осон набуд. Сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун аз матонату устуворӣ, масулияти бузургӣ ватандорӣ ва садоқату меҳнатдӯстии Пешвои миллат дарак медиҳад. Раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ба инкишофи кулли соҳаҳои ҳоҷагии халқ дар шароити имрӯза ба истиқлолият энергетикӣ сахт марбут буда, иқдоми сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун саривақтӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демокраии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ 16 феврали соли 2018 вобаста ба неругоҳи барқии Роғун таъкид доштанд, ки “Мо неругоҳи “Роғун” - ро беҳуда “Сохтумони аср” унвон накардаем. Бо бунёди ин нерӯгоҳҳи бузург мо натанҳо мушкилоти нарасидани барқро ба аҳолӣ ҳалу фасл мекунем, балки барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, фаъолияти муназами корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ тавсе ёфтани тиҷорат ба беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ, аз ҷумла рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ заминаи устувор фароҳам меорем”.
Ин суханони олиҳимматона ва дар сари чанбари мошини вазнин нишаста, маҷрои дарёро ба хотири бунёди саргаҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун дигар карданаш дар хотирҳои мо нақш баста, ҳар яки моро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дуст доштани Ватани азизамон – Тоҷикистон роҳнамуд месозад.
Бо ташаббуси Пешвои миллат сохтмони ин нерӯгоҳ босуръат идома дорад, ки онро арсаи нангу номус ва қаҳрамониву фидокорӣ метавон номид.
Дар сохтмону бунёди неругоҳи барқи обии Роғун ҷамъияти бузурги зиёда аз 19 000 нафар коргарон ба таври шабонарӯзӣ заҳмат кашида истодаанд. Барои бунёди он соли 2017 аз ҳамаи манбаъҳо 4 миллиарду 700 миллион сомонӣ харҷ гардид ва дар соли 2018 бошад, қариб 5 миллиард сомонӣ пешбини шудааст.
Сохтмони НБО – и Роғун моҳияти байналмилалӣ дошта, бо бунёди ин нерӯгоҳ Тоҷикистон шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо мекунад ва нуру рушноии хонадони ҳар як тоҷикистонӣ ва кишварҳои ҳамсояро мунаввар месозад.
Роғун сохтумони аср, иншооти муҳим, бунёдгузор ва ормони миллии тоҷикон мебошад. Роғун барои садсолаҳо, асрҳои аср сохта мешавад, ки ба кулли минтақа ёрӣ расонад. Дар натиҷаи ба кор оғоз намудани ин иншооти бузург чи қадар корхонаву муассисаҳо сохта шуда, мавриди истифода қарор мегиранд ва чи қадар чойҳои кории нав пайдо мешавад ва ҳамаи ин ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум оварда мерасонад.
Рузи 16 – уми ноябри соли равон дар кишварамон боз як руйдоди муҳими таърихӣ чархаи аввали иншооти бузурги аср - НБО – и Роғун ба кор медарояд, ки дар саҳифи таърихи миллатамон бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Сохтмони НБО – и Роғун туфайли иродаи қавии созанда ва матонату устувории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демокраии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун руйдоди бузурги таърихии аср бо эҳсоси ватандорӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ бунёд ёфта истодааст, ки бояд ба қадри он бирасем. Бунёди НБО – и Роғун ва расидан ба истиқлолиятӣ энергеникӣ имком фароҳам меорад, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик боз ҳам рушду нумӯъ кунад ва пешрафтаву овозадор гардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демокраии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон қайд намуданд, ки “Расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бо нангу номуси Ватан, мутаххасисону сохтмончиёни баландихтисос барои назди овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд, яъне ин рӯз рӯзи равшаниву нур барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони озодамон мебошад”.
Руйдоди муҳими фараҳбахш, рӯзи зафар ба кор даромадани чархаи аввали НБО – и Роғун, ки саодату шаҳомати мост, барои мардуми сарбаланди тоҷик мубораку фархунда бод!
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён
М. Сатторова