Ба хотири аргузорӣ ба хидматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззамамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷавонону наврасон ва сокинони Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо иштироки Изатуллозода Бибигул, Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Парвиз Азимов, Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён, ҷамъомади васеъ бо иштироки зиёда аз 1000 нафар баргузор гардид. Изатуллозода Бибигул, Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, ҳамаи ҷавонону наврасон ва иштиродоронро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба «Рӯзи Президент»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даровардани аввалин агрегати неругоҳи барқи обии Роғун табрику таҳният гуфта зикр кард, ки мо бояд шукргузорӣ аз фазои ободу осоиштаи диёри биҳиштосоямонро кунем, ки чунин Пешвои ғамхор меҳрубон дорем. Талошу заҳматҳои бевостаи роҳбари давлатамон буд, ки имрӯз аввалин агрегати неругоҳи барқи обии Роғун ба кор дароварда мешавад, гуфт Изатуллозода Бибигул. Ба ифтихорӣ рӯзи Президент аз ҷониби занону духтарони ҳунарманди Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ҳунару маҳорати дастии хешро ба марази тамошо гузоштанд, ки барои чунин офаридаҳо сатҳи баланд аз ҷониби ҳозирин баҳои сазовор дода шуд. Дар фароварди ҳамоиши мазкур ҷавонону наврасони ноҳия ифтихор аз Пешвои муаззамамон нумуда, қайд доштанд, ки ҳамчуни Пешвои миллат сарсупурдаи давлату миллат хеш гашта, барои ободонӣ ва пешрафти диёри маҳбубамон, хубу аъло хонда саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Аҳлиддини Муборакшоҳ