Имрӯз мавзӯи бунёди Кохи нури Тоҷикистон бо шиори рӯз табдил ёфтааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр тавваҷҷӯҳи хоса дорад. Саҳифаҳои матбуоти даврӣ, намоишу гуфторҳои телевизион ва радио пайваста доир ба рафти корҳои ин сохтмони мӯҳташам маводи ҷолиберо ба мардум пешкаш менамояд. Нерӯи зеҳнии Ҳукумати кишвар мисли Шамси тобон мунаввар гашта, фазои бедории афкори оммаро равшан намуд.
«Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки
Тоҷикистонро дар оғўши шарқи куҳан
ба ахтари ҳамешатобон хоҳад дод»
Эмомалӣ Раҳмон
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии
ноҳияи Кушониён