Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи аввали НБО – и Роғун бо сокинони қишрҳои гуногуни ҷомеа дар деҳаи Итифоқи ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён чорабинии сиёсиву фарҳангии ҳизбӣ доир гардид.
Сокинони ватандӯсти деҳаи Итифоқи ҷамоати деҳоти Заргар чорабиниро бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили намудҳои гуногуни кашидадӯзиҳо, сабзавоту меваҷот, намудҳои гуногуни нону таомҳои миллӣ ва бофтаниҳоро ба маърази тамошо гузоштанд.
Дар чорабинии сиёсиву фарҳангии ҳизбӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Сатторова М, раиси Суди ноҳия Давлатзода С. ва мудири шуъбаи Маорифи ноҳия Нурмаҳмадзода К. оид ба ҷашнгирии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи аввали НБО – и Роғун баромадҳо намуданд.
Ҷолиби қайд аст, ки дар баргузории чорабини мазкур кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия фаъолона ширкат варзида пас аз ҷамъбасти чорабинӣ аксияи ҳизбии “ФУРӮҒИ НУРИ РАҲМОНӢ” –ро роҳандозӣ намуданд.
КИ ҲХДТ дар ноҳия Кӯшониён